Парокандагии гуна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Парокандагии гуна, ареал (аз лот. area — майдон, қитъа, мавзеъ) — макони ягон гуна, сарда, авлод ва дигар гурӯҳҳои систематикии гиёҳон ё ҷонварон.

Ареал ҳамаҷоя (космополитӣ) ва минтақавӣ (эндемӣ) мешавад. Намуди ареалро асосан аз рӯи сарҳади иқлим муайян мекунанд. Ҳудуди ареал ба иқлим, замин, релеф, омилҳои биологӣ ва таъсири якҷояи ҳамаи онҳо вобаста буда, дар натиҷаи тағйир ёфтани шароит ва фаъолияти хоҷагии инсон хурд мешавад. Дар ҳудуди ареал ҳайвонот ё наботот фақат дар ҳамон ҷое, ки барои ҳаёт бештар мувофиқ аст, маскун мешаванд. Миқдори намудҳои ҳайвонот ё наботот дар доираи ареал як хел нест (дар он ҷое, ки шароит мусоид аст, шумораи намудҳо зиёд мешавад). Донистани ареали олами ҳайвоноту наботот барои дуруст истифода намудани мавҷудоти фоиданок, нест кардани ҳашароти зараррасон ва ғайра аҳамияти калон дорад. Дар харита ареалро бо хати бефосила, нуқта-нуқта ва ғайра ишора мекунанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]