Пасоянд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пасояндҳо назар ба пешояндҳо миқдоран камтаранд. Дар забони адабии ҳозираи тоҷик пасояндҳои аслӣ, ки маьнои мустақили луғавӣ надоранд, фақат дутоанд: -ро, ва барин. Пасояндҳои дигар номианд ва маънои луғавӣ доранд, бинобар ин на фақат ба сифати калимаи ёридиҳанда, ҳамчунин ба сифати калимаи мустақил низ ба кор бурда мешаванд.Аз ҷиҳати баромад пасояндҳои имрӯзаи забони тоҷикӣ ба пасояндҳои аслӣ ва пасояндҳои номӣ ҷудо мешаванд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - сах.305