Пахтакор (бошгоҳи футбол, Ҷаббор Расулов)
БФ «Пахтакор» | |||
Номи пурра | Бошгоҳи футболи «Пахтакор» Ҷаббор Расулов | ||
Таъсис | 1989 | ||
---|---|---|---|
Майдон | Варзишгоҳи марказӣ | ||
Мусобиқа | |||
|
Пахтакор - бошгоҳи футболи тоҷик дар шаҳраки Меҳробод, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, воқеъ дар шимоли кишвар.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бошгоҳи футболи «Автомобилист» соли 1989 дар Пролетар (ҳоло Меҳробод) таъсис ёфтааст[1]. Соли 1992 ин бошгоҳ номи худро ба «Пахтакор» иваз кард ва дар Лигаи олии Тоҷикистон баромад кард. Дар мавсими дебютӣ даста дар гурӯҳбандии ниҳоӣ ҷои 5-умро гирифт. Муваффақияти аввалин соли 1993 ба даст омад, ки даста дар чемпионат медалҳои биринҷӣ гирифт ва соли 1994 ин муваффақиятро такрор кард. Соли 1995 барандаи Ҷоми Тоҷикистон шуд[2]. Соли 1996 аввалин маротиба дар Ҷоми Осиё баромад кард. Дар мавсими соли 1996 дар ҷои охирини 15-ум қарор гирифт ва ба Лигаи якуми Тоҷикистон афтод. Бошгоҳ ҳам вилоятро муаррифй мекард.
Номҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1989: «Автомобилист» Пролетарск
- 1992: «Пахтакор» Пролетарск
Варзишгоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Бошгоҳ бозиҳои хонагии худро дар варзишгоҳи марказии шаҳраки Меҳробод мегузаронад, ки он 4000 тамошобинро қабул карда метавонад.