Персонаж
Зоҳир
Дар ин мақола пайванд ба сарчашмаҳои иттиллот намерасад. |
Персонаж (лот. persona — шахс) — аз ҷумлаи иштироккунандагони асари бадеист, ки мавқеи ӯ ба дараҷаи сеюму чорум буда, дар ҷараёни воқеаҳо таъсири ба назар начандон намоён дорад, вале дар гуфтугӯ ҳамаи иштироккунандагони асарро ҳам персонажҳо гуфтан мегиранд, аммо фарқ бояд кард. Персонажҳое, ки дар як воқеа ва ҳодиса иштирок менамоянд, персонажи эпизодӣ меноманд.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Луғати мухтасари истилоҳоти адабиётшиносӣ» (саҳ. 102,103)
- Аз Википедияи русӣ Персонаж