Jump to content

Петар Шегрт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Петар Шегрт
Иттилооти умумӣ
Таваллуд 8 май 1966(1966-05-08) (58 сол)
Шаҳрвандӣ
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ
Маснад

Петар Шегрт (хорв. Petar Šegrt; (инчунин Сегрт ё Зегр низ ном бурда мешавад) 8 майи соли 1966, шаҳри Ҷурҷевас, округи маъмурии Копривнитско-Крижеватская жупания, Ҷумҳурии Хорватия) — футболбози олмонӣ ва хорватӣ, сармураббӣ. Аз 27 январи соли 2022 сармураббии Тими миллии футболи Тоҷикистон.

Петар Шегрт (хорв. Petar Šegrt; инчунин Сегрт ё Зегр низ ном бурда мешавад) 8 майи соли 1966, дар шаҳри Ҷурҷевас, округи маъмурии Копривнитско-Крижеватская жупания, Ҷумҳурии Хорватия таваллуд шудааст аммо аз кӯдаки дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон истиқомат мекунад. Ҳамчун футболбоз вай дар бошгоҳҳои ҳаваскорони футболи Олмон бозӣ карда онҷо маҳорати сармураббиро низ оғоз кард. Дар соли 1996, футболбоз ва мурабии олмонӣ Клаус Топмёллер ӯро ба клуби Олмон, «Боҳум» даъват кард, ки пасон вай ба клуби дигари Олмон, «Валдҳоф» рафт. Баъд Шегрт ба штаби мураббиёни клубҳои футболи Олмонӣ, «Дуйсбург» ва «Валдҳоф», сипас мустақилона клубҳои Австрияро роҳбари мекард. Муддатҳои тӯлонӣ ин мутахассис бо бозингарони ҷавон бомуваффақият кор карда, тахаллуси «Меъмор»-ро гирифт. Дар соли 2006 бо даъвати Клаус Топмёллер, Шегрт ба Гурҷистон рафта онҷо дастаи ҷавонони Гурҷистонро роҳбари мекард. Пас аз рафтани ҳамватанаш вай дар ду бози тими миллии Гурҷистонро роҳбари карда буд. Пас аз Гурҷистон рафтанаш Шегрт чандинсолҳо бо клубҳои Индонезия кор кардааст. Тими футболи Афғонистонро дар Ҷоми ҷаҳонии футбол 2018, дар Русия роҳбари намудааст. Соли 2018 дастаи Молдивро роҳбари карда онро пуриқтидор эълон карда буд ва дар Ҷоми федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ бо он ғалаба карда буданд. Аз 27 январи соли 2022 ин мутахассис сармураббии Тими миллии футболи Тоҷикистон таъин гардид.

Петар Шегрт, соли 2011
Петар Шегрт, соли 2010

Дастовардҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дорандаи Ҷоми федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ (1): 2018