Jump to content

Печ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Печ, винт (лаҳистонӣ qwint, аз олм. gewinde — буриш, рахпеч), ҷузъи мошин ё механизм: 1) В.-и пайвандӣ (насбӣ) ҷузъи устувонашакл буда, сарак (маъмулан, дар мобайнаш ҷӯяк ё ҷӯякҳои салибшакл, шаклашон гуногун) ва рахпеч дорад; 2) В.-и гаштдор — ҷузъи пешбар дар таҳвили винтӣ; 3) В.-и паррадор, наварди парраҳояш винтӣ, ки бо газ ва моеи (масалан, дар муҳаррики бодӣ) ҳаракаткунандаи қувваи кашишро бавуҷудоваранда (В.-и ҳавоӣ дар тайёра, В.-и киштиронӣ дар киштиҳо) ҳаракатро ба вуҷуд меорад ва барои омехта кардан ва ё интиқол додани газҳо, моеъҳо, маводди ғализ, пошхӯранда ва ғурӯша истифода мешавад (масалан, дар вентилятор, насос, омехтагарак ва ғ.). В. аз мехи печдор бо он фарқ мекунад, ки он нӯги тез (махрутшакл) надорад ва ҳангоми тоб додан рахпеч ба вуҷуд намеорад. Механизми винтӣ дар Юнони Қадим маълум буд. Истифодаи васеи В. солҳои 1760-70 дар истеҳсоли мошинҳо маъмул гардид.