Пешояндҳои номӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пешояндҳои номӣ — аслан калимаҳои мустақилмаъно мебошанд,ба воситаи маънои луғавии худ муносибатҳои наҳвии байни аъзои ҷумларо аниқтар ва пурратар менамоянд: мисли калимаҳои мустақилмаъно пасванди ҷамъбандӣ,бандакҷонишин ва баъзе унсури грамматикиро қабул мекунанд:бо калимаи тобеъшаванда ба воситаи изофат пайваста шуда,як воҳиди яклухти луғавию грамматикиро ташкил мекунанд.Моҳияти асосии ташаккули пешояндҳои номӣ бо он муқаррар карда мешавад,ки калимаҳои номӣ нишонаҳои асосии худро гум карда,маънои нав-маънои ёридиҳандагӣ пайдо намуда,ба гурӯҳи калимаҳои ёридиҳанда мегузаранд. Ба қатори пешояндҳои номӣ бештар исмҳо ва зарфҳои дорои мафҳуми масоҳа ва забон дохил мешаванд, масалан пас (қафо,ақиб, пушт), боло, баъд, байн (миён), берун, дарун, пеш, тараф, сӯй, таг, гирд, назд, қариб, зер, паҳлу, рўй , сар, восита, роҳ,муносибат,ва ҳоказо.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 293с.