Пешоянд

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пешояндҳо ва пасояндҳо калимаҳои ёридиҳанда мебошанд, ки бо исм, ҷонишин ва дигар ҳиссаҳои исмшудаи нутқ омада, муносибатҳои наҳвии онҳоро бо дигар калимаҳо ифода менамоянд. Онҳо дар ибора ва ҷумла муносибатҳои масоҳа, замон, сабаб, мақсад, соҳибият, тарз, муқоисаю монандӣ ва ғайраро нишон медиҳанд: меҳмон аз шаҳр, ба бозор рафтан, назди боғ, болои кӯҳ. Пешояндҳо ва пасояндҳо на фақат муносибатҳои байни феълу ҳиссаҳои номии нутқ, инчунин муносибати байни худи ҳиссаҳои номиро низ ифода мекунанд: ду рӯз пеш аз ид, чанд варақе аз дафтари хотира,якчанд сол муқаддам, қаламу дафтар дар даст. Пешояндҳои забони тоҷикӣ аз нуқтаи назари пайдоишашон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: пешояндҳои аслӣ, ки пайдоиши онҳо ба давраи қадими инкишофи забонамон тааллуқ дорад ва пешояндҳои номӣ, ки дертар ба вуҷуд омада, дар марҳилаи миёнаи тараққиёти забон такомул ёфтаанд ва дар айни ҳол ба таври васеъ дар истеъмоланд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш, 1985. — 285 саҳ.