Пирмат Бойматов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пирмат Бойматов
Пирмат Бойматов
Таърихи таваллуд 1910(1910)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ
Таърихи даргузашт 1984(1984)
Пеша(ҳо) мутриб,сароянда

Пирмат Бойматов - (1910, деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ1984, ҳамон ҷо), ҳофиз ва мутриб, Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1963).. Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон (1960).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пирмат Бойматов соли 1910, дар деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Дорулмуаллимини Тошканд (1931), Омӯзишгоҳи педагогии Панҷакент (1941) ва Институти муаллимии Самарқанд (1954). Бойматов баробари таълими фанҳои гуногун солҳои зиёд ба маҳфили ҳаваскорони санъати мактаб роҳбарӣ намудааст. Аз соли 1965 (баъди ба нафақа бармадан) роҳбари дастаи ҳаваскорони санъат ва аз соли 1977 мудири клуби к-зи ба номи Свердлови ноҳияи Айнӣ буд. Бойматов таронаҳои халқӣ ва сурудҳои классикиро бо маҳорати баланд иҷро менамуд. Ба услуби халқӣ як силсила оҳангҳои марғуб эҷод кардааст. «Ёр муборак» (шеъри халқ), «Бар ҷонам занад» (шеъри халқ), «Теғи нигоҳ» (ғазали Туғрал), «Омад ба ёд» (ғазали Сайидо), «Баҳори Ватан» (шеъри С. Вализода) ва ғ. аз беҳтарин таронаҳои Бойматов мебошанд. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 45»,«Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди Владимир Илич Ленин» сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]