Jump to content

Пирмуҳаммад Кулолии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пирмуҳаммад Кулолии Самарқандӣ
Пирмуҳаммад Кулолии Хонанда
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1546(1546)
Пеша(ҳо) хонанда, навозанда

Кулолӣ Пирмуҳаммади Самарқандӣ (форсӣ: کلالی پیرمحمد سمرقندی‎; Пирмуҳаммади Кулолии Хонанда; ?, Самарқанд, — 1546, ҳамон ҷо) — мусиқидон, хонанда ва навозандаи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кулолӣ аз давраи ҷавонӣ дар косибӣ (кулолӣ: сохтани зарфу олоти нафиси рӯзгор ва кошикорӣ) маъруф буд. Асосҳои мусиқӣ ва шеърро аз падараш, тарзу услуби навозандагӣ, овозхонӣ ва назарияву таркиботи шеъру мусиқиро аз Амир Алиакбари Самарқандӣ ва Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ омӯхт. Муддате ба Бухоро рафта, аз Кавкабии Бухороӣ илми мусиқӣ андӯхт.

Дар жанр, шакл ва анвои шеърию мусиқии «қавл», «амал», «рехта», «кор», «савт», «нақш» ва ғайра асарҳо офаридааст. Таснифоташ ба мақомҳои «Кӯчак», «Бузург», «Наво», «Ушшоқ», «Ҳусайнӣ» ва усулҳои «Уфар», «Барафшон», «Чанбар», «Шодиёна», «Амали кӯзагарон», «Нақши кулол», «Савти Кулолӣ» дар ҳаёти мусиқии Самарқанд шуҳрат пайдо карда буданд. Бо тахаллуси «Кулолӣ» низ ғазал эҷод кардааст.

  • Кулолӣ Пирмуҳаммади Самарқандӣ / А. Раҷабов // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
  • Дарвешалии Чангӣ. Рисолаи мусиқӣ. № 700-5-III, ИШАИ Ӯзбекистон;
  • Зинату-л-маҷолис. № 4229, ИШАИ Ӯзбекистон; Нисорӣ. Музаккиру-л-аҳбоб. № 4282, ИШАИ Ӯзбекистон;
  • Муҳиту-т-таворих. № 836, ИШАИ Ӯзбекистон.