Пирмуҳаммад Раҷабов
Пирмуҳаммад Раҷабов (тав. 3.09.1941, ноҳияи Ғарм (имрӯза Рашт)), физик, номзади илмҳои физика-математика (1975), дотсент (1980).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1967 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1967–1968 ассистенти кафедраи физикаи умумии донишкадаи номбурда, 1968–1969 таҷрибаомӯзи кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Озарбойҷон, 1969–1972 аспиранти донишгоҳи мазкур, 1973–1986 муаллими калон, мудири кафедраи физикаи назариявӣ, 1986–1989 дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ, 1989–1992 мудири кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Солҳои 1992–1995 ҳамчун ҳамкор дар кафедраи физикаи назариявии донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Оид ба таъсири байниҳамдигарии зарраҳои элементарии физикӣ кори илмӣ бурдааст. Муаллифи номгӯи зиёди корҳои илмию методӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Назарияи нисбият, Д., 1984; Супоришҳои програмавӣ аз физика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1991; Луғати ислоҳоти соҳаи энергетика, Д., 2004; Физика (синфи 10, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006; Физика (синфи 10, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007; Усули таълими физика дар синфи 10 (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2007.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |
- Pages which use a template in place of a magic word
- Мақолаҳои хурд дар бораи донишмандон
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Табиатшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон