Jump to content

Пиряхи Паридор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пиряхи Паридор
?
Расположение

Пиряхи Паридор (пешина Грумм-Гржимайло, Музкӯлак) — пирях дар Тоҷикистон, дар қисми шарқии қаторкӯҳи Язгулом (Помири Ғарбӣ). Аз ҷиҳати масоҳаташ дар Тоҷикистон дуввумин пирях (баъди Федченко) мебошад. Дар новаи қисми шарқии қ-кӯҳи Язгулом воқеъ аст.

Дарозиаш 37 км, масоҳаташ тақр. 160 км2, бараш аз 700 то 1700 м. Грумм-Гржимайло пиряхи мураккаби сершоха аст; аз чап ба он пиряхҳои Музкӯлаки Боло (масоҳаташ 17,8 км2), Музкӯлаки Хурд (8,3 км2), Музкӯлаки Поён (2,2 км2) ҳамроҳ мешаванд. Аз он дарёиТанимас ва дигар шохобҳои дарёи Бартанг (ҳавзаи Бартанг) сарчашма мегиранд.

Соли 1887 аз тарафи бародарон Григорий ва Владимир Грумм-Гржимайло кашф гардида, ба шарафи онҳо номузорӣ шудааст. Дертар дар Грумм-Гржимайло Н. И. Косиненко (1909), Н. Л. Корженевский (1926) ва дигарон таҳқиқот анҷом додаанд.

  • Большая советская Энциклопедия. Т. 7. М., 1972;
  • Долгушин Л. Д., Назриев З. Д., Салимов Т. Обҳои Тоҷикистон: дар бораи онҳо чӣ медонед? Д., 2000;
  • Осипов Г. Б. Ледники. М., 1989;
  • Раҳимов М. Табиат ва сарватҳои табии Тоҷикистон. Д., 2001.