Пиряхшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Пиряхшиносӣ, яхчолшиносӣ (форсӣ: یخچال‌شناسی‎), глятсиоло́гия (аз лот. glacies — ях, юн. λόγος — омӯзиш, илм) — дониши мутолиъаи пиряхҳо дар навоҳии қутбӣ ва кӯҳсорҳо ё ба сурати куллитар, мутолиъаи ҳама намудҳои ях ва падидаҳои ҳосил аз он дар сатҳи Замин аст ва дар он вежагиҳои гуногун об дар ҳолати ҷомид (барф ва ях) баррасӣ мешавад.

Як шохаи илми обшиносӣ, ки хусусиятҳои пайдоиш, таркиб, сохт, хосияти физикӣ, амалиёти геологию геоморфологӣ, мавҷудият ва ҳаракату инкишофи пиряхҳо, алоқаи мутақобилаи онҳо бо муҳити атрофро меомӯзад. Пиряхшиносӣ на танҳо пиряхҳосилшавии кунунӣ, инчунин давраҳои гузаштаи геологиро меомӯзад. Пиряхҳои давраи қадимро илми палеоглятсиология таҳқиқ мекунад. Пиряхшиносӣ бо илмҳои физика, механика, иқлимшиносӣ, ҳидрология, геоморфология ва ҷуғрофияи табиӣ пайвандӣ дошта, аз усулҳои таҳқиқоти онҳо ба таври фаровон истифода мебарад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Илми пиряхшиносӣ дар охири асри 18 ҳамчун низоми донишҳои илмӣ ташаккул ёфт. Бори аввал олими швейсариягӣ О. Сосюр илми пиряхшиносиро эътироф намуд. Дар Руссия таҳқиқоти пиряхшиносӣ аз нимаи дуввуми асри 19 бо ташаббуси Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус бо сарварии И. В. Мушкетов оғоз гардид. Пиряхҳои Осиёи Марказӣ, хусусан Тоҷикистон, ки минтақаи бузургтарини яхбандиҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд (масоҳати умумии пиряхҳо тақр. 10 ҳазор км², аз ҷумла пиряхҳои Бадахшон 8041 км²) мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифт. Олимони рус А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин, И. В. Липский ва дигарон дар бораи пиряхҳои Тоҷикистон маълумот додаанд. Геологҳои олмонӣ Л. Нёт ва Г. Л. Юдин аввалин харитаи схематикӣ-геологии пиряхҳои водиҳои Кӯҳдара, Бартанг, Язгулом, Мурғоб, Кокуйбел ва Пшартро дар миқёси 1: 500.000 тартиб доданд. Г. Д. Забиров таҳқиқоти то Инқилоби Октябри пиряхшиносӣро таҳлил намуда, онро ба ду давра тақсим намудааст. Давраи якум — экспедитсияи тоинқилобии П. П. Семён-Тяншанскийро давраи кашфиёт ва ҷамъ намудани маводди воқеӣ номида, давраи дуввум таъсисёбии комиссияи пиряхшиносон бо ташаббуси Ҷамъияти ҷуғрофиёӣ соли 1895 ва Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус дар Туркистон соли 1897-ро дар бар мегирад. Дар давраи якуми таҳқиқоти пиряхҳои Осиёи Марказӣ олимон П. П. Семён-Тяншанский, А. П. Федченко, Н. А. Севарсов, Г. Е. Грумм-Гржимайло, И. В. Мушкетов, В. И. Липский саҳми арзанда гузоштанд. Маълумотнома ва рӯйхатти пиряхҳои Осиёи Марказиро олимон Н. Л. Корженевский, Н. Н. Палгов ва Р. Д. Забиров ҷамъоварӣ ва нашр намуданд. Солҳои 1868-71 сайёҳи рус А. П. Федченко бори аввал ба водии Олой сафар намуда, қ-кӯҳи Паси Олойро кашф намуд ва қуллаи баландтарини он Кауфман, минбаъд Ленин (ҳоло Абуалӣ Сино, 7134 м)-ро фатҳ кард. Таҳқиқоти давраи дуввум аз барқарор намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна оғоз меёбад, ки дар ин марҳала давраи нави инкишофи пиряхшиносӣ фаро расид ва он аз дарки амиқи табиати ях ва бо ёрии усулҳои нави дақиқ доир намудани таҳқиқоти доимӣ иборат буд. Инчунин олимон ба тағйироти иқлимӣ вобаста будани пиряхҳоро муайян карданд, дар бораи яхбандиҳо тасаввуроти амиқ ҳосил гардид. Оид ба каму зиёдшавии пиряхҳо ва ҷойгиршавии онҳо маълумот ҷамъ оварда шуд. Соли 1928 АИ ИҶШС барои омӯхтани мавзеъҳои душворгузар ва куллан наомӯхтаи Помир ва пиряхҳои он экспедитсияи бузург ташкил намуд, ки он барои таҳқиқи ояндаи илми пиряхшиносӣ замина гузошт. Соли 1930 ҳидрограф ва глятсиологи маъруф проф. Л. Н. Корженевский рӯйхатти пиряхҳои Тоҷикистонро мураттаб сохт. Экспедитсияи муташаккили Тоҷикистон, ки соли 1932 таъсис ёфт, ба таҳқиқи Помир машғул шуд. Он соли 1933 номи Экспедитсияи таҳқиқоти Помиру Тоҷикистонро гирифт. Солҳои 1932-33 тибқи «Барномаи соли қутбии байналмилалӣ» корҳои пиряхшиносӣ дар авҷ буд. Дар ин муддат маркшейдерон Р. Финстедвалдер (Олмон) ва И. Г. Дорофеев (Руссия) бо усули фотограмметрия харитаи ҷуғрофии маҳалро тартиб доданд, ки дар он пиряхи Федченко (77 км) акс гардида буд. Дар таҳқиқоти муташаккиле, ки аз рӯи барномаи Даҳсолаи байналмилалии ҳидрологӣ (1965-75) доир шуд, омӯхтани яху пиряхҳо ҷои асосиро гирифт. Дар ИҶШС, Швейсария, ИМА, Канада, Итолиё, Фаронса, Британияи Кабир, Ҷопон ва Аргентина бо мақсади омӯхтани яху пиряхҳо муассисаҳои махсус ташкил карда шудаанд. Таҳқиқоти пиряхшиносӣи муосир имкон медиҳад, ки оби дарёҳо самарабахш истифода шаванд ва пеши роҳи офатҳои табиӣ, тармафуроӣ, сел, обхезӣ гирифта шавад. Тартиби ҷойгиршавӣ ва обшавии пиряхҳо номураттаб буда, дар натиҷаи суст об шудани онҳо оби дарёҳои аз пиряхҳо ғизогиранда кам мешавад ва талаботи хоҷагии халқро таъмин карда наметавонад. Аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон давраи таназзулро аз сар мегузаронанд. Ба таҳқиқи пиряхҳои Тоҷикистон Институти масъалаҳои об, ҳидроэнергетика ва экологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии гидрометеорологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҷуғрофиё ва геологияи донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгорӣ машғуланд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Забиров Р. Д. Оледенение Памира. М., 1955;
  • Канаев Л. А. Белые молнии гор. М. 1987;
  • Раҳимов М. Табиат ва сарватҳои табиии Тоҷикистон. Д., 2001;
  • Вазиров К. В. Таърих ва методологияи илмҳои геологӣ. Д., 2014.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]