Пйер Вейс
фр. Pierre Weiss | |
Таърихи таваллуд | 25 март 1865[1][2][3][…] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 24 октябр 1940[1][3][4][…] (75 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | magnetism[d] |
Ҷойҳои кор | |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Jules Violle[d] ва Marcel Brillouin[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пйер Эрнест Вейс (фр. Pierre-Ernest Weiss; 25 март 1865[1][2][3][…], Mulhouse[d] — 24 октябр 1940[1][3][4][…], 7th arrondissement of Lyon[d][5]) — физикдони фаронсавӣ, узви АИ Фаронса (1926).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи Сюрих (1887) ва Мактаби омӯзгории (нормалии) Порис (1892). Профессори Донишгоҳи Лион (1899—1903), Политехникуми Сюрих (1903—1918), Донишгоҳи Страсбург ва директори Институти физика (1918—1940). Корҳои илмии асосиаш ба соҳаи магнетизм бахшида шудаанд. Соли 1907 фарзияи дар ферромагнетикҳо мавҷуд будани таъсири мутақобилаи дохилиро, ки боиси магнитнокии худбахудӣ (магнитнокшавии беихтиёр) мегардад, пешгӯӣ кард, назарияи феноменологии ферромагнетизмро такмил дод, ба таври назариявӣ аномалияи гармогунҷоиш ва ҳодисаи магнитокалориягии ферромагнетикҳоро пешгӯӣ карда, дар амалия онҳоро омӯхт, қонуни вобастагии ҳароратии таъсирпазирии ферромагнетикҳоро болотар аз нуқтаи Кюри кашф намуд (нигар Қонуни Кюри — Вейс). Соли 1911 мавҷуд будани моменти магнитии атомро исбот карда, онро магнетон номид. Пйер Вейс электромагнитҳои тавоно ва асбобҳои санҷиши электрикию магнитӣ сохтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 база данных Léonore (фр.) — ministère de la Culture.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 3.3 Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ 4.0 4.1 http://www.dwc.knaw.nl/biografie/pmknaw/?pagetype=authorDetail&aId=PE00003770 (ингл.)
- ↑ 5.0 5.1 Свидетельство о смерти
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вейс Пйер Эрнест // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 25 март
- Зодагони соли 1865
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Даргузаштагони 24 октябр
- Даргузаштагони соли 1940
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо