Пйер Гамарра
Пйер Гамарра | |
---|---|
фр. Pierre Gamarra | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 10 июл 1919[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 20 май 2009[1][3][4][…] (89 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, нависанда, мақоланавис, мунаққиди адабӣ, нависандаи кӯдакон, French Resistance fighter |
Забони осор: | фаронсавӣ[3] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
pierregamarra.com(фр.) | |
![]() | |
![]() |
Пйер Гамарра (фр. Pierre Gamarra; 10 июл 1919, Тулуза — 20 майи 2009, Аржантей) — нависандаи фаронсавӣ.
Зиндагинома[вироиш]
Аввал омӯзгор (1948) баъд муҳаррири маҷаллаи «Европа» буд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ узви Ҳаракати Муқовимати Фаронса шуд. Пйер Гамарра фаъолияти эҷодиашро аз ҳикоянависӣ барои кӯдакон оғоз намуд. Нахустин асари Пйер Гамарра романи «Хонаи оташин» (1947) соли 1948 дар шаҳри Лозанна (Швейсария) сазовори шоҳҷоизаи байналмилалӣ гардид. Пйер Гамарра муаллифи романҳои «Фарзандони қашшоқ» (1950), «Зан ва дарё» (1951), «Ёси Сен Лазар» (1951), «Розали Брусс» (1953), «Муаллими мактаб» (1955), «Зани Симон» (1960) ва ғ. мебошад. Пйер Гамарра асарҳояшро бештар барои насли наврас таълиф мекард. То ҳол ҳикоя, шеърҳо ва суруди «Портфели ман»-и Пйер Гамарра-ро дар мактабҳои Фаронса ба талабаҳо меомӯзонанд. Пйер Гамарра ба адабиёту ҳунари классикӣ ва муосири тоҷик таваҷҷуҳи хос дошт. Ӯ ба тарҷумаи фаронсавии «Марги судхӯр» тақриз навишта, ба эҷодиёти С. Айнӣ баҳои баланд додааст.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #142553743 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 Гамарра Пьер // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ SNAC — 2010.
Адабиёт[вироиш]
- Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д. 1988;
- Большая советская энциклопедия. Т. 6, М. 1971.
Сарчашма[вироиш]
- Гамарра Пйер // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.