Пневмония

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пневмония
ИхтисосПулмонология, инфектология Edit this on Wikidata
Пневмония
МКБ-10 J1212., J1313., J1414., J1515., J1616., J1717., J1818., P2323.
МКБ-9 480480-486486, 770.0770.0
DiseasesDB 10166
MedlinePlus 000145
eMedicine topic list
MeSH D011014

Синапаҳлӯ[1] (форсӣ: سینه‌پهلو‎), пневмони́я (юн.-қад. πνευμονία — «бемории шуш», аз юн.-қад. πνεύμων — «шуш»), газаки шуш, зотуррия — газаки шадид ва музмини алвеолаҳо, бронхиолаҳо ва бофтаҳои пайвасткунандаи шуш.

Пневмонияи одам[вироиш | вироиши манбаъ]

Пневмонияи одамро вирусҳо (вирусҳои грипп, аденовирусҳо, вирусҳои орнитозӣ), бактерияҳо (пневмококкҳо, стафилококкҳо ва ғайраҳо) меангезанд. Аз ҳад зиёд хунукхӯрӣ, назлаи роҳҳои болоии нафас, дарди дандон, сустшавии организм ва ғайра боиси авҷгирии пневмония мегарданд.

Пневмонияи шадид[вироиш | вироиши манбаъ]

Пневмонияи шадид 3 хел мешавад: газаки пардаи шуш (плевройневмония), газаки бронхҳо (бропхонпевмония) ва пневмонияи вирусӣ. Ҳангоми газаки пардаи шуш ҳарораташ: то 39—40°С баланд шуда, сари сина дард мекунад ва бемор сахт месулфад. Дар вақти газа ки бронхҳо бошад, қисмҳои алоҳидаи шуш иллат меёбанд. Ҳарораташ то 38°С баланд мешавад ва бемор оҳиста — оҳиста месулфад.

Пневмонияи вирусӣ аксар дар вақти эпидемияи грипп мушоҳида мешавад. Ҳангоми он бофтаи пайвасткунандаи шуш иллат ёфта, боморӣ кашол меёбад. Плеврит, думмал, коллапс ва ғайра боди пневмонианд. Дар вақти пневмонияи музмин просессҳои газакгирии қисмҳои осебдидаи шуш дар ҳар сари вақт авҷ могирад.

Духтурони тоҷик барои табобати пневмонияи стафилококкии бачагон усули ба воситаи пӯст ба шуш фиристодани антибиотикҳоро васеъ истифода мебаранд. Табобати бачагоне, ки ба пневмонияи музмин гирифторанд, дар санаторияи «Тангаӣ» (райони Орҷоникидзеобод) гузаронида мешавад.

Муолиҷа[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба беморхона хобонидани бемор; истоъмоли антибиотикҳо, доруҳои сулфаниламидӣ; физиотерапия ва ғайра.

Пешгирӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Нест кардани манбаи сироят, обутоб додани организм, пурра табобат кардани пневмонияи шадид ва ғайра.

Пневманияи ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба пневмания аксар ҳайвоноти ҷавон гирифтор мешаванд. Вай одатан дар натиҷаи аз ҳад зиёд хунук хурданн ҳайвонот, нафас кашидани моддаҳои муассир, бемориҳои сироятӣ ё инвазионӣ ва ғайра ба вуҷуд меояд. Боди пневманияи ҳайвонот газаки фасоддор 6 қарасони (гангрена) шуш мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Вожаҳои мусавваби Фарҳангистони забону адаби форсӣ. Синапаҳлӯ чист? Маънои синапаҳлӯ(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 17 апрели 2020 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Молчанов Н. С., Ставсная В. В. Клиника и лечение острых пневмоний, Л., 1971;
  • Злыдников П. Ы., Хроническая пневмония, М., 1974.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.