Пулмонология

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Пулмонология (лот. Pulmonologia аз лот. pulmo, pulmonis – шуш ва …логия), соҳаи тибби клиникиест, ки бемориҳои узвҳои нафас (хирной, бронхҳо, шуш, пардаи шуш)-ро меомӯзад. Сили шуш мавзӯи тадқиқи фтизиатрия аст. П. чун соҳаи мустақили тиб дар нимаи дуюми а. 20 аз терапия, ҷарроҳия ва педиатрия ҷудо шудааст. П. аз як қатор усулҳои махсуси тадқиқот – рентгенологӣ (томография, бронҳография, ангиопулмонография), эндоскопӣ (трахеобронҳоскопия, плевроскопия) ва ғ. истифода мебарад. Пулмонологҳои тоҷик оид ба ҳалли масъалаҳои муолиҷаи бемориҳои узвҳои нафас ва бемориҳое, ки дар шароити баландкӯҳ пайдо мешаванд, пажӯҳишҳои назаррас анҷом доданд. С. 1968 дар беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии № 3 (ҳозира Маркази миллии тиббии Тоҷикистон) шуъбаи махсуси пулмонологӣ ташкил карда шуд.

Пулмонологист