Подкварк
Зоҳир
Антикваркҳо — зарраҳои муқобили (дугоники) кваркҳо, ки ба таркиби мезонҳо ва антибарионҳо дохиланд.
Мисли адронҳо мезонҳо аз ҳолати вобастаи кварку антикварк ва антибарионҳо бошанд, аз ҳолати вобастаи се антикварк иборатанд. Спини антикварк 1/2, заряди бариониаш — 1/3 ва заряди электрикиаш ба заряди мувофиқи кварк муқобил (яъне 1/3 ва — 1/3) мебошад. Дар шаклҳои заряди электрикӣ ва бариониашон том антикваркҳо инчунин қиматҳои муқобили зарядҳои зикршударо доранд. Антикваркҳо дорои адади квантии накҳат мебошанд, ки бо накҳати кваркҳои мувофиқ маҳв карда мешавад. Бинобар ин дар мезонҳои аз кварк иборатбуда ва антикваркҳои онҳо накҳат гум мешавад. Чунин мезонҳо дорои «накҳати ниҳонӣ» мебошанд (нигар Кварконий).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Антикваркҳо // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.