Подшоҳии Далмотия
Подшоҳии Далмотия | |||||||||
| |||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||
Пойтахт | Zadar[d] | ||||||||
Забон(ҳо) | Забони хорватӣ, итолиёӣ ва олмонӣ | ||||||||
Воҳиди пул | Austro-Hungarian gulden[d] | ||||||||
Майдон |
| ||||||||
Аҳолӣ |
| ||||||||
Шакли ҳукмронӣ | подшоҳии машрута | ||||||||
Подшоҳии Далмотия (Далматия, Далматсия) — подшоҳии вассалӣ, ки аз соли 1815 то 1918 дар зери ҳукмронии монархияи Ҳабсбург вуҷуд дошт. Пойтахти салтанат шаҳри Задар буд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Подшоҳии Далматсия аз қисми вилотяҳои Иллирияи имп. Фаронса, ки ба Ҳабсбургҳо тибқи созишномаи Венаи соли 1815 баргардонда шуда буданд, таъсис дода шуд. Салтанат то соли 1918 воҳиди алоҳидаи маъмурии Утриш-Маҷористон боқӣ монд, ки пас аз он бисёр қаламравҳои Далматсия (ба истиснои Задар ва Ластово) ба Подшоҳии Сербҳо, Хорватҳо ва Словенҳо (баъдтар Подшоҳии Югославия) дохил шуданд.
Демография
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар оғози давраи Утриш, ҳаёти фарҳангии Далматсия, хусусан дар соҳаи иқтисодиёти шаҳр, аз ҷониби намояндагони ҷомеаи маҳаллии итолиёӣ муайян карда шуда буд. Итолиёшавӣ диг. миллатҳои романӣ низ мешуданд (гӯяндагони забони далматӣ, ки бисёре аз калимаҳо венетсианиро истифода мебурданд). Сарфи назар аз таъсири Венетсия, аъзоёни ҷомеаи Далматияи Италия дар тӯли асри 19 таназзули дарозмуддатро аз сар гузарониданд. Паст гардидани шумораи итолиёиҳо аз сабаби хорватикунонии шаҳру деҳот рӯ мезанад.
Дар соли 1900, барӯйхатгирии аҳолии Утриш-Маҷористон гурӯҳҳои қавмии зерини салтанатро қайд кард [1] :
- Хорватҳо - 475.000
- Сербҳо - 95,000
- Итолиёиҳо - 15 300
Шаҳрҳои калонтарин инҳо буданд (аз соли 1900):
- Зара/Задар (32 506)
- Спалато/Сплит (27 198)
- Себеницо/Шибеник (24 751)
- Рагуза/Дубровник (13 174)
Ҳокимон
[вироиш | вироиши манбаъ]- Франйо Томашич (хорватӣ: Franjo Tomašić) (1813—1831)
- Венсеслав Лилинберг Ватер (олмонӣ: Wenzeslau Lilienberg Water) (1831—1841)
- Иван Август Туршки (лаҳӣ: Ivan August Turszky) (1841—1847)
- Матия Рукавина (хорватӣ: Matija Rukavina) (1847)
- Йосип Елачич (1848—1859)
- Лазар Мамула (хорватӣ: Lazar Mamula) (1859—1865)
- Франйо Филипович (хорватӣ: Franjo Filipović) (1865—1868)
- Иван Вагнер (хорватӣ: Ivan Wagner) (1868—1869)
- Готфрид Ауэрсперг (олмонӣ: Gottfried Auersperg) (1869)
- Юлиус Флук фон Лейденкрон (олмонӣ: Julius Fluk von Leidenkron) (1869—1870)
- Гаврило Родич (хорватӣ: Gavrilo Rodić) (1870—1881)
- Степан Йованович (хорватӣ: Stjepan Jovanović) (1882—1885)
- Лудовик Цомаро (хорватӣ: Ludovik Comaro) (1885—1886)
- Драгутин Блажекович (хорватӣ: Dragutin Blažeković) (1886—1890)
- Эмил Давид (хорватӣ: Emil David) (1890—1902)
- Эразмус Гендел (олмонӣ: Erasmus Handel) (1902—1905)
- Никола Нарделли (хорватӣ: Nikola Nardelli) (1905—1911)
- Марио Аттемс (хорватӣ: Mario Attems) (1911—1918)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Sharpe M.E. Ethnic Groups and Population Changes in Twentieth-Century Central-Eastern Europe. — P. 343. — ISBN 9780765618337.