Порошин Константин Титович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Порошин Константин Титович
Санаи таваллуд:

1907

Санаи марг:

1971

Фазои илмӣ:

академик,олим

Порошин Константин Титович - Доктори илми химия (1952), профессор (1964). Академик (1960), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон.[1]

Зиндагинома[вироиш]

Порошин Константин Титович (1907-1971) Институти саноати шири Вологдаро хатм кардааст (1931). ихтисос – «химияи органикӣ»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи сафедаҳо ва пептидҳо (таркиби полипептидҳо, таркибҳои фаъоли биологӣ дар асоси α–аминокислотаҳо, пептидҳо, аналогҳои фосфинии пептидҳо, сафедаҳо ва алкалоидҳо). Котиби илмии Шӯъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1948-1955), муовини академик-котиби Шӯъбаи илмҳои химияи АИ ИҶШС (1955-1957), ходими калони илмии Институти химияи органикии АИ ИҶШС (1957-1960). Ноиби президенти АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1971), роҳбари илмии озмоишгоҳи химияи таркибҳои табиии Институти химияи АИ ҶШС Тоҷикистон (1960-1971).

Мукофот[вироиш]

Бо орденҳои Ситораи Сурх, «Нишони Фахрӣ», медалҳои «Барои мудофиаи Москва», «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоиста», «Бистсолагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.[2]

Нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе:Дониш, 2011. - 216 с
  2. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216с.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. – Душанбе:Дониш, 2011. - 216 с.