Портал:Ислом/Зиндагиномаи барҷаста
Зиндагиномаи паёмбар Муҳаммад
[вироиши манбаъ]Муҳаммад (арабӣ: محمد) (20 апрели 570 дар ш. Макка таваллуд ёфтааст. Вай аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба авлоди ашроф мансуб будааст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва ду моҳ пеш аз мавлуди писар аз дунё рахти сафар баст. Баъди шаш сол модараш Омина, зодаи шаҳри Мадина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Муҳаммад-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб, сипас амакаш Абутолиб ба зимма доштанд. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ амакашро дар корҳои тиҷоратӣ ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст. Ва ҳамон вақт дар Басра, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Баҳир (Сархиш) ояндаи бузургашро ба ӯ пешгӯӣ намудааст. То бистучорсолагиаш Муҳаммад дар хидмати амакҳояш буд,баъд коргузор шуд. Ҳангоми хидмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушкорӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро Амин мехонданд. Соли 594 Хадича - зани беваи бадавлат, хеши дури Муҳаммад, духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф ба ӯ назари илтифот андохту коргузори молу мулки хеш таъйин кард. Вай корвони Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Хадича чил сол дошт. Муҳаммад биступанҷсола буд. Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Вале се писаре, ки Хадича таваллуд кард, дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадича ба дунё омад, баъди ин ӯ боз 13 соли дигар зиндагӣ кард. Муҳаммад аз чилсолагӣ гузашт. Ҳаёти шахсиаш мӯътадил буд. Ӯ мисли ҳарвақта завҷаашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ фотиҳа шуда. Ба Алӣ (Разиаллоҳу Анҳу), писари амакаш Абутолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (Разиаллоҳу Анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом ва масеҳӣ буд. Муҳаммад ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсуҳбатон Муҳаммад-ро барои некию накӯкориаш дӯст медоштанд. Сарвати завҷааш ӯро аз ташвишҳои зиндагӣ раҳоӣ бахшид. Вай метавонист бо фароғат ҳаёташро идома бахшад, агар ваҳӣ намеомад. бештар...