Портал:Ислом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Islamic quotes,flag,verse,banner,islamic calligraphy,quran,আয়াত.svg


Хуш омадед ба Портали Ислом
Портал барои Ислом ва захираҳои марбути он дар Википедиа.
[[Нишондиҳандаҳои исломӣ ва мақолаҳои марбут ба мусалмонон|Шаблон:Ислом шумор]] бо забони тоҷикӣ.
Портали Ислом Портали Муҳаммад Ислом чист? Нишондиҳандаҳо Викилоиҳа Гурӯҳҳо
вироиш  

Портали Ислом

Ислом (забони арабӣ الإسلام – Ислом ба Худованд итоат кардан), яке аз динҳои якхудоӣ дар рӯи ҷаҳон буда, дар асри 7-и мелодӣ дар Хиҷоз (дар ғарби Арабистон) пайдо шудааст. Одамони ба ин дин пайрави доштаро мусулмонон меноманд (аз калимаи муслим – вафодор аст). Ислом - аз ҳама дини тез паҳн шаванда ва дар ин рӯзҳо дар ҷаҳон яке аз бисёродамтарин динҳо ба ҳисоб меравад, ки ҳар як панҷум одами рӯи ҷаҳон ба ин дин эътиқод дорад. Ислом пайғамбар Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро охирин фиристодаи Худо (Оллоҳ) меҳисобад. бештар...

вироиш  

Мақолаи барҷаста

Ҳилоли Рамазон
Ҳилоли Рамазон

Моҳи Рамазон (аз арабӣ: رمضان) моҳи нӯҳуми Мусулмонон мебошад. Дар ин моҳ ҳамаи мусулмонон аз дамидани субҳ то фурӯ рафтани офтоб рӯза мегиранд. Ва баъди Азонро шунидан рӯзаҳояшонро мекушоянд. Дар Рамазон 5-чиз ҳаром мебошад:

  1. Дурӯғ гуфтан
  2. Қасами дурӯғ хӯрдан
  3. Ғайбат кардан
  4. Таъна задан
  5. Бахилӣ кардан

Рамазон дар луғат ба маънои сӯзонанда омадааст, ки гуноҳи яксолаи бандагонро месӯзонад ва дар ин бора расули Худо мефармояд:

  • Рамазон гуноҳҳоро месӯзонад ҳамчунон, ки оҳангар оҳанро месӯзонад ва ҳама чизҳои нодаркории ӯ месӯзад, ва рамазон ҳам гуноҳҳои шахси рӯзадорро месӯзонад ва пок месозад.

Дар ин ҷо як чизро тазаккур созанд,ки ин маънои онро надорад, ки шахси бе парво ёздаҳ моҳ гуноҳ ба ҷо оварад ба умеди он, ки дар рамазон худро аз гуноҳ пок месозад, балки рамазонон гуноҳҳоеро месӯзонад, ки шахси мусалмон надониста ва аз рӯи хато кардааст. бештар...

вироиш  

Акси барҷаста

вироиш  

Зиндагиномаи барҷаста

Зиндагиномаи паёмбар Муҳаммад

Мӯҳри Муҳаммад

Муҳаммад (арабӣ: محمد‎) (20 апрели 570 дар ш. Макка таваллуд ёфтааст. Вай аз рӯйи насаб ба қабилаи қурайшиҳо, ба авлоди ашроф мансуб будааст. Падари ӯ Абдуллоҳ, набераи Ҳошим, тоҷири хурде буд ва ду моҳ пеш аз мавлуди писар аз дунё рахти сафар баст. Баъди шаш сол модараш Омина, зодаи шаҳри Мадина, низ зиндагиро падруд гуфт. Тарбияи Муҳаммад-ро аввал бобояш Абдулмуталлиб, сипас амакаш Абутолиб ба зимма доштанд. Ҳанӯз дар айёми наврасӣ амакашро дар корҳои тиҷоратӣ ба Сурия ҳамроҳӣ кардааст. Ва ҳамон вақт дар Басра, аз рӯи ривоятҳо, роҳибе бо номи Баҳир (Сархиш) ояндаи бузургашро ба ӯ пешгӯӣ намудааст. То бистучорсолагиаш Муҳаммад дар хидмати амакҳояш буд,баъд коргузор шуд. Ҳангоми хидмат дар байни ҳамқабилаҳояш бо покӣ, баимонӣ, хушкорӣ ва бовиҷдонӣ маъруфият ёфт ва аз ин рӯ ӯро Амин мехонданд. Соли 594 Хадича - зани беваи бадавлат, хеши дури Муҳаммад, духтари Хувайлид, набераи Абдуманоф ба ӯ назари илтифот андохту коргузори молу мулки хеш таъйин кард. Вай корвони Хадичаро ба Сурия бурд ва бо фоидаи зиёд баргашт. Соле баъд тӯйи хонадории онҳо баргузор шуд. Он замон Хадича чил сол дошт. Муҳаммад биступанҷсола буд. Издивоҷ ҳаёти онҳоро рангин сохт. Вале се писаре, ки Хадича таваллуд кард, дар айёми тифлӣ оламро падруд гуфтанд. Духтаронашон Зайнаб, Руқия, Умми Кулсум ва Фотима ба воя расиданд. Духтари охирин ҳангоми 51-солагии Хадича ба дунё омад, баъди ин ӯ боз 13 соли дигар зиндагӣ кард. Муҳаммад аз чилсолагӣ гузашт. Ҳаёти шахсиаш мӯътадил буд. Ӯ мисли ҳарвақта завҷаашро дӯст медошт. Духтари калонӣ ба шавҳар баромадаву дуюмӣ фотиҳа шуда. Ба Алӣ (Разиаллоҳу Анҳу), писари амакаш Абутолиб ва ба писархондаш Зайд ибни Ҳориса (Разиаллоҳу Анҳу) меҳри беандоза мепарварид. Зайд ғулом ва масеҳӣ буд. Муҳаммад ӯро озод намуд ва писархонд гирифт. Ҳамаи наздикону ҳамсуҳбатон Муҳаммад-ро барои некию накӯкориаш дӯст медоштанд. Сарвати завҷааш ӯро аз ташвишҳои зиндагӣ раҳоӣ бахшид. Вай метавонист бо фароғат ҳаёташро идома бахшад, агар ваҳӣ намеомад. бештар...

вироиш  

Оё шумо медонед...

Дар нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хучанд китоби Абдуқаюми Муҳаммадчон "Тарҷума ва тавзеҳи китоби К.Рамазонов "Гумроҳии ваҳҳобиён дар масоили шариат" аз чоп баромадаст (ББК 86,38,М 95; АБДУҚАЮМИ МУҲАММАДЧОН."ГУМРОҲИИ ВАҲҲОБИЁН дар масоили шариат".Хуҷанд: Нашриёти давлатии ба номи Раҳим Ҷалил. -2012 (220 саҳ.)), ки хонандагони тоҷикзабон аз он метавонанд маълумотҳои хеле муфидро оид моҳияти ҷудоиандозии ваҳҳобия дар байни ҷомеаи исломи ва хатари ин ҷараён ба мусулмонону дини Ислом ба даст оранд. Абдуҷаюми Муҳаммадчон бо истифода аз асархои олимони ҳанафимазхаб ва дигар маъхазхо бо забони хеле содда ва оммафаҳм саволу чавобҳоро тавзеҳ дода тарҷума намудааст, ки ин имкон медиҳад доираи васеи хонандагон аз китоби зикргардида ба осонӣ истифода баранд ва ба саволҳояшон маълумотҳои каноатбахш гиранд.Китоб дар Кумитаи оид ба корҳои динӣ назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таҳти рақами 368 ба 27 феврали соли 2012 аз ташхис гузашта ба чоп пешниҳод гардидааст.

вироиш  

Коре, ки Шумо метавонед кард

Кеши сервер холи карда шавад