Портал:Санъат/Мақолаи барҷаста
Муҳаммадҷон Қосимов - (9 майи соли 1907 - 5 июли 1971ш. Душанбе), актёри театр ва кинои тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР (1941).
Зидагинома
[вироиши манбаъ]Муҳаммадҷон Қосимов (9.5.1907, деҳаи Риштон, ҳозира н-яи Олтиариқи вил. Фарғонаи РСС Ӯзбекистон- 5. 7. 1971, Душанбе), актёри советии тоҷик, Ҳунарпешаи халқии СССР ([[1941]. Аъзои КПСС аз с. 1948. Яке аз саромадони театри касбии тоҷик. Дар оилаи саҳҳоф таваллуд ёфтааст. Қосимов дар мактаби кӯҳна, сипас дар интернати советӣ муддате дар Техникуми педагогии Қӯқанд ва Техникуми кооперативии Тошкент таҳсил кардааст. С. 1929 дар Риштон труппаи драмавӣ ташкил мекунад. Аз ибт. с. 1931 то охири умр артисти Театри давлатии тоҷик (ҳоло Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ). Қосимов маълумоти касбӣ надошт. Бинобар ин худомӯзӣ намуда, аз режиссёрҳои театр сабақ гирифт.
Образҳои саҳнавӣ
[вироиши манбаъ]Беҳтарин образҳои офаридаи ӯ дар шаш соли аввал:
- Арслон, Саримсоқ – “Ду коммунст” ва “Оташмезанем”-и К. Яшин;
- Ҳайдарбек - “Духтари чӯпон”-и Валидов;
- Берест - “Платон Кречет”- и А. Корнейчук ва ғ.
Қосимов пеш аз ҳама дар иҷрои ролҳои калони драмавию фоҷиавӣ комёб шудааст. Образҳои офаридаи ӯ барҷастаю бошукӯҳ баромада, дар айни ҳол сиришти поки инсонӣ доштанд: бештар...