Прополис
Прополис (юн.-қад. πρόπολις), уза, сириши занбӯр — моддаи часпаки зифтмонанди хушбӯест, кни замбӯри асал ҳосил мекунад. Занбӯри асал моддадои зифтмонандро аз муг-чаи буттаву дарахтон мегирад ва аз ондо прополис ҳосил мекунад.
Таркиби химиявии прополис ҳар хел мешавад. Прополис ба ҳисоби миёна 50— 56 % зифти рустанӣ. &—10 % равғани эфир ва кариб 30 % мум дорад. Муми прополисдор аз муми табиии занбӯри асал (ниг. Муми занбӯри асал) бо нармӣ ва бӯи махсусаш фарқ мекунад. Коэффициенти сохти муми прополисдор назар ба муми табиии занбӯри асал 4 маротиба паст аст. Аз прополис мардам ва равгани молидание тайёр мекунанд, ки барои табобати ҷароҳат, шукуфа ва дигар касалиҳои пӯст истифода мешаванд. Бо маҳлули спирти и прополис чанде аз касалиҳои шушу меъдаро муолиҷа мекунанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Прополис // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).