Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Занбӯри асал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Занбӯри асал
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад


Занбӯри асал, оруи асал, мунҷ (лот. Ápis melliféra) — ҳашараест пардабол.

Оилаи занбӯри асал аз модарзанбӯр (шоҳзанбӯр), даҳҳо ҳазор занбӯри корӣ ва чандин ҳазор нарзанбӯр иборат аст.

Сохтори бадан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бадани занбӯри асал аз ду қисм — сарсина ва шикам (байни ҳам мутаҳаррик пайваст шудаанд) иборат мебошад. Дар ҳар ду тарафи сар 2 чашми калони мураккаб (аз чанд ҳазор чашмаки хурд — омматидийҳо иборат аст), дар фарқи сар 3 чашми содаи хурд дорад. занбӯри асал якбора тамоми тарафҳоро дида, рангҳои зард, кабуд, кабуду сабз, бунафш ва фаробунафш (барои инсон ноаён), инчунин шакли чизҳо (хусусан гулҳо)-ро нағз фарқ мекунад. Дар қисми пеши сари занбӯри асал як ҷуфт мӯйлабча (антенна) мавҷуд аст, ки дар он узвҳои бӯёӣ, ломиса ва шунавоӣ ҷойгир шудаанд. Ҷоғ ва лаби поини занбӯри асал мисли хартумча аст. Занбӯр тавассути он шаҳди гул ва аз сӯрохи шон асал мегирад. Дар сар ва қисман дар синаи занбӯри асал ғадудҳои оби даҳон ва «ширбарор» мавҷуданд. Синаи занбӯр аз чаҳор банди ба ҳам пайваст ташаккул ёфтааст. Дар бандҳои 2 ва 3-юм ду ҷуфт бол, дар қисми поини сина 3 ҷуфт пой мавҷуданд (ҷуфти оқиби пойҳо барои овардани гарди гул «сабадча» дорад). Занбӯри бебор дар як соат то 65 км, занбӯре, ки шаҳди гул дорад, то 15-30 км парвоз мекунад. Парвози занбӯри асал барои гирифтани шаҳд, маъмулан, як соат давом карда, дар «сабадчаҳо» 12-40 мг гарди гул меорад. Шиками модарзанбӯр ва занбӯри корӣ аз 6, шиками нарзанбӯр аз 7 банд (ҳалқа) иборат аст. Дар бандҳои 3-6-и шиками занбӯри корӣ якҷуфтӣ ғадудҳои мумбарор вуҷуд доранд. Дар охири шиками занбӯри корӣ ва модарзанбӯр узви муҳофиз — неш мавҷуд аст (нарзанбӯр неш надорад). Нӯги неш каҷ буда, занбӯр баъди одамро газидан онро кашида наметавонад (дар аснои кӯшиши парвоз кардан неш якҷо бо дигар узвҳои дарунӣ канда шуда, занбӯр баъди 2-8 соат мемирад). Аъзои ҳозимаи занбӯри асал аз даҳон, гулӯ, сурхрӯда, рӯдаи миёнаю ақиб ва ғадуди асал иборат аст. Ғадуди асал шакли халтачаро дошта, дар он шаҳд муваққат нигоҳдорӣ мешавад. Аввалин амали ба асал табдил ёфтани шаҳд, ки зери таъсири ферментҳои ғадуди оби даҳон ба вуҷуд меояд, дар ҳамин халтача сурат мегирад. Аз занбӯри асал асал, муми асал, прополис, заҳри занбӯр ва шири шоҳзанбӯр мегиранд. занбӯри асал рустаниҳоро гардолуд мекунад. Модарзанбӯр (дарозиаш то 25 мм) 2-3 сол муттасил тухм мегузорад; вай ғадуди мумбарор надорад ва гарди гул низ ҷамъ намекунад. Занбӯрҳои корӣ (дарозиашон то 15 мм) наслҳоро тарбия карда, шон месозанд, шаҳду гард ҷамъ меоранд, шаҳдро ба асал, гардро ба перга (гарди гули рустанӣ, ки занбӯр дар сӯрохҳои шон ҷой карда, болояшро бо асал мепӯшонад) табдил медиҳанд ва кандуро ҳимоя мекунанд. Онҳо тобистон 35-40 рӯз, баҳору зимистон 6-8 моҳ умр мебинанд. Занбӯрҳои нар дар кандуҳо аввали тобистон пайдо шуда, баъди бордоршавии модарзанбӯр мемиранд. Занбӯрҳои нари боқимондаро занбӯрҳои корӣ охири тирамоҳ аз канду меронанд. Оилаи нави занбӯр бо роҳи афзоиш ба вуҷуд меояд. занбӯри асал дар ҳаво ҷуфт мешавад.

Дар Тоҷикистон занбӯрпаварӣ аз занбӯрҳои ваҳшии кӯҳӣ (қаротоғӣ, варзобӣ, ғармӣ ва ғ.) ибтидо гирифтааст.

Занбӯри асал дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон занбӯрпарварӣ аз занбӯрҳои ваҳшии кӯҳӣ (қаротоғӣ, варзобӣ, ғармӣ ва ғайра) ибтидо гирифтааст[1]. Шароити иқлими кӯҳистони Тоҷикистон барои парвариши зотҳои гуногун мусоид аст[2].

Дар ҳудуди ҷумҳурӣ асосан зотҳои зерин самаранок истифода мешаванд: занбӯри хокистарранги кӯҳии Қафқоз, ки бо хартуми дарозаш (то 7,2 мм) фарқ мекунад, ва барои ҷамъоварии шаҳд аз гулҳои косагулашон амиқ, махсусан юнучқа, хеле мувофиқ ас; занбӯри карпат (Карпатка), ба сармои кӯҳистон тобовар буда, хеле ором аст ва дар фасли баҳор зуд афзоиш меёбад; занбӯри маҳаллии тоҷикӣ, ки атиҷаи мутобиқшавии занбӯрҳои ваҳшӣ ба иқлими маҳаллӣ мебошад. Ин зот ба гармои шадид тобовар буда, нисбат ба дигар зотҳо камтар бемор мешавад[2].

  1. Занбӯри асал // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
  2. 2.0 2.1 Файзулло Мирзо. Занбӯриасалпарварӣ. — Душанбе, 2024. — 496 с. — ISBN 987-99975-2-339-7.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]