Пурфурӯш
Бестсе́ллер (англ. bestseller, аз best — беҳтарин, аз ҳама хубтарин ва sell — фурӯхта шудан) — китоберо гӯянд, ки аз ҷониби хонандагон хуб пазируфта шуда, бо адади зиёд нашр мешавад ва бозоргир аст (ба тезӣ фурӯхта мешавад).
Мафҳуми бестселлер дар охири садаи XIX дар ИМА пайдо шудааст. Баъзан дар натиҷаи аз ҳад зиёд реклама кардан китоб ба бестселлер табдил меёбад. Ба қатори бестселлерҳо осори адабиёти нависандагони бузурги ҷаҳонӣ, мас., Э. Ҳемингуэй (осори адабиёти ҷиддӣ) ва осори дар навъи детектив (моҷароҷӯйӣ, саргузаштӣ, фантастикӣ-хаёлӣ ва ғайра) эҷодгардида дохил мешаванд. Як роҳи ба Б. табдил ёфтани китоб намоишу муаррифии он ба тариқи реклама мебошад. Дар Амрико ва кишварҳои Аврупои Ғарбӣ варақаҳо, маҷаллаҳо, газетаҳое вуҷуд доранд, ки дар саҳифаҳояшон номгӯи ду қисм китобҳо: 1) fiction — адабиёти бадеӣ ва 2) non-fiction — адабиёти ғайрибадеиро чоп карда, ба хонандагон пешниҳод менамоянд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бестселлер // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.