Jump to content

Пётр Данилович Вернидуб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пётр Данилович Вернидуб
Зодрӯз 1924
Таърихи даргузашт 26 октябр 1944(1944-10-26)
Мансубият
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин Order of the Patriotic War 1st class Order of the Patriotic War 2nd class Ордени Ситораи Сурх

Пётр Данилович Вернидуб (1924, деҳаи Усатоваи ноҳияи Беляевски вилояти Одесса — 26.10.1944, Прусияи Шарқӣ) — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945), лейтенанти хурд.

Дар ибтидои ҶБВ бо оилааш ба пойтахти Тоҷикистон — ш. Сталинобод кӯчонда шуд. Соли 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуда, дар ҳайати дивизияи тирандозии 144-уми ордени Байрақи Сурхдори Виленск ба ҳайси фармондеҳи взводи артиллерӣ зидди фашистон ҷангидааст. Августи 1944 дар озод намудани ш. Вилнюс иштирок дошт. Дар рафти амалиёт взводи Пётр Данилович Вернидуб 9 танк ва якчанд тӯпҳои худгард, 4 тӯпи зиддитанкӣ, 8 автомашина, 23 нуқтаи оташфишонӣ, 2 взводи аскарони олмониро нобуд карда, даҳҳо нафар гитлерчиро асир гирифт. Бо орденҳои Ленин, Байрақи Сурхи Ҷангӣ, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2) сарфароз гардидааст.