Jump to content

Пӯлод Ниёзов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ниёзов Пӯлод Одинаевич
Таърихи таваллуд 17 март 1969(1969-03-17) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Шӯрообод, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ фиолология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Пӯлод Одинаевич Ниёзов — филолог, номзади илми филология, дотсенти кафедраи забони адабии муосири тоҷикӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пӯлод Ниёзов хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1997) ва аспирантураи он (2004). Баъди хатми донишгоҳ дар вазифаҳои муҳаққиқ-коромӯз ва асисенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷик (1997-2000) фаъолият дошта, солҳои 2000-2004 аспиранти кафедраи таърихи адабиёт ва солҳои 2005-2007 муаллими калони ҳамин кафедраи ДДМТ буд. Аз соли 2008 дотсенти кафедраи таърихи адабиёти тоҷики ДДМТ мебошад. Муаллифи бештар аз 20 мақола ва асарҳои илмӣ- методист. Дар мақолаҳои «Роҷеъ ба маъхазҳои «Саломан ва Абсол-и» Абдураҳмони Ҷом «(2003),» «Аз таърихи таҳаввули сюжети «Саломон ва Абсол» «(2004),» «Талмеҳ дар адабиёти форсӣ» (2005), «Рӯдакӣ устоди шоирони ҷаҳон буд»(2008) ва ғайра паҳлӯҳои гуногуни адабиёти гузаштаи тоҷикро мавриди тасдиқ қарор додаст.

  • «Абдараҳмони Ҷомӣ ва «Саломон ва Абсол-и» ӯ Д, 2007; Феҳристи рӯзгор ва осори профессор Худоӣ Шарифов, Д, 2007 (ҳаммуллиф).
  • Рӯдакӣ дар шеъри муосири тоҷик, Д, 2008 (ҳаммуллиф).
  • Назаре ба «Саломон ва Абсол »-и Абдараҳмони Ҷомӣ ва савобиқи он,»Д, 2003.[1]