Пӯлод Толис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Пӯлод Толис
Санаи таваллуд:

24 август 1929(1929-08-24)

Зодгоҳ:

Хуҷанд

Санаи марг:

17 сентябр 1961(1961-09-17) (32 сол)

Маҳалли марг:

Хуҷанд

Шаҳрвандӣ:

 Тоҷикистон

Навъи фаъолият:

Пӯлод Толис (24 августи 1929, шаҳри Хуҷанд — 17 сентябри 1961, Душанбе) — нависандаи тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1954).

Зиндагинома[вироиш]

Пӯлод Толис 24 августи 1929 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна ҳуруфчини матбааи шаҳри Ленинобод, ҳунарпешаи театри драмавӣ, ходими адабӣ ва мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», котиби масъули маҷаллаи «Пионер» (дар Душанбе), муҳаррири Нашриёти давлатии Тоҷикистон будааст. Дар факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил кардааст. Соли 1953 котиби масъул, баъдан сармуҳаррири маҷаллаи «Шарқи Сурх» будааст ва дар пешрафти насри тоҷик ҳиссаи калон гузоштааст. Ҳикояи аввалинашро соли 1946 навиштааст. Ӯ 17 сентябри 1961 аз олам даргузашт.

Эҷодиёт[вироиш]

Ба эҷодиёти нависандаи ҷавон Устод Айнӣ баҳои баланд додааст. Қаҳрамонони асарҳояш коргарони ҷавон, деҳқонон, зиёиёни шаҳру деҳот, толибилмон мебошанд. Китоби «Чароғҳо» (1948), «Ҳикояҳо» (1952), «Дар сари роҳи калон» (1954), «Ҳикояҳои даҳ сол» (1957)-аш пайиҳам интишор ёфтаанд. Соли 1950 аввалин қиссаи Пӯлод Толис «Ҷавонӣ» ба табъ расида, сазовори истиқболи гарми хонандагон гардидааст. Беҳтарин асари тарҷумаиҳолии ӯ «Тобистон» аст, ки аз рӯзгори талхи тоҷикбачагони солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳикоя мекунад. Пӯлод Толис аз зумраи нависандагонест, ки дар тасвири олами ботинии насли ҷавон, офаридани образу характери хурдсолон ва бозгӯйи рози ниҳони кӯдакон пешдастанд. Қиссаи «Тобистон» ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, литвонӣ, эстонӣ, қирғизӣ тарҷума ва чоп шудааст. Дар заминаи он филми ҳунарии «Тобистони соли 1943» таҳия ва пешкаши умум гардидааст. Китобҳои «Бузичаи ман» (1950—1970), «Бачагони қишлоқи мо» (1950), «Мӯрчаяк» (1952,1961,1972), «Ҳикояҳо барои бачагон» (1957)-ро барои бачагон навиштааст. Офаридаҳои ӯ дар авроқи маҷмӯаи «Повесту ҳикояҳо» (1966) ва дуҷилдаи осораш (1975—1976) дарҷ ёфтаанд. Намунаҳоеро аз осори А.Герсен, А.Чехов, М.Горкий ва диг. ба тоҷикӣ гардондааст.

Мукофотҳо[вироиш]

Бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонида шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с. 138—139 ISBN 978-99947-2-379-9