Пӯшак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пӯшаки пахтагӣ
Пӯшаки якбормасрафаи навзод

Пӯшак (форсӣ: پوشک‎) — фаровардае аз лифҳои нарму ҷазбкунандаи намӣ бо як рӯкаши нигаҳдоранда барои ҷазби идрор ва мадфӯъ ки ба кӯдакон ё солмандон мебанданд то касоне, ки қодир ба контроли идрору ва мадфӯъи худ нест аз он истифода кунанд

Ин васила аз пахта ё алёф қобили ҷазб аст то сабаби идрорсӯхтагӣ нашавад. Бархе пӯшакҳо якбормасрафанд ва бархе низ қобили шустушӯ ҳастанд ва қобилияти истифодаи дубора доранд.

Ниёзмандони пӯшак[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ҷуз навзодон, гурӯҳҳои дигаре низ ҳастанд, ки ниёз ба пӯшак пайдо мекунанд. Аз он ҷумла метавон ба солмандоне ишора кард, ки ба хотири куҳулат, қодир ба контроли идрори худ нестанд. Ҳамчунин, афроди бемор, ё касоне, ки ҷарроҳиҳои вежае анҷом додаанд ва низ афроди дорои маълулиятҳои шадиди зеҳнӣ низ барои иҷобати мизоҷ ба пӯшак ниёз доранд. Инчунин афроде, ки ба хотири шароити мавҷуд дастрасии сареъ ба ҳоҷатхона надошта бошанд назири ғаввосон ва фазонавардон. Ба пӯшакҳои мавриди истифодаи фазонавардон истилоҳан «васоили контроли дафъ» гуфта мешавад.

Таносуб бо вазну син[вироиш | вироиши манбаъ]

Бр рӯйи ҳамаи бастаҳои пӯшакҳо андозаҳо ва номи ширкати тавлидкунандаи онҳо навишта шудааст, ба таври мисол пӯшак барои бачаҳое, ки байни 3 то 6 кило вазн доранд ё пӯшак барои бачаҳое, ки байни 10 то 16 кило вазн доранд[1].

Андозаи пӯшак бояд муносиби синни бача ҳам бошад. Барои намуна, як навзод, ки хеле мехобад ниёз ба пӯшаке дорад, ки қисмати пушти он тавре тавлид шуда бошад, ки ҷилави нами пас додани онро аз қисмати ақиби пӯшак бигирад. Як бача, ки хеле ҳаракат мекунад, шурӯъ ба чаҳор даст ва по рафтан кардааст, ниёз ба пушаке дорад, ки қисмати васати он бориктар аст, ва ғайра.

Таъсир ба пӯст[вироиш | вироиши манбаъ]

Чанд навъи пӯшаки берунӣ

Аз пӯшак истифода кардани модаронро духтурон зиёд тавсия намедиҳанд. Зеро аз меъёр бештари он тифлро ба бемории пӯст гирифтор мекнад. Пӯшак қоидаву муҳлати истифодабарӣ дорад. Риояи меъёру тарзи истифода ва саломатии кӯдак аз модар вобаста аст[2]. Агар дар пӯшондани пӯшак ба кӯдак, қоидаҳо риоят нашавад ва идрору мадфӯъ ба мавқеъ пок нашудаву кремҳои лозим зада нашавад, ҷушҳо, каҳирҳо ва илтиҳобҳое бар асари пӯшак кардани навзодон эҷод мешаванд. Пас аз ҳар бор кор кардани шикам ё тар шудани пӯшак бояд онро иваз кард.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]