Рабеи Андаробӣ
Зоҳир
Рабеъи Андаробӣ (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик, шогирди Сайидои Насафӣ ва аз намояндагони сабки ҳиндӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аслан аз мавзеи Андароби Бадахшон, аз мардуми ҳазора буд. Зиндагӣ ва фаъолияти эҷодиаш дар Бухоро ва Балх ҷараён дошт. Рабеи Андаробӣ ҳамчун шоири ҳаҷвгӯ машҳур аст. Дар шеърҳояш ноинсофию беадолатиҳои замонадорон мазаммат шудааст. Шоир хеле ҷавон мурдааст. Малеҳои Самарқандӣ дар «Музаккиру-л-асҳоб» ба истеъдоди Рабеи Андаробӣ баҳои баланд дода, аз ғазалиёти шоир 7 байт, аз як шеъри ҳаҷвии ӯ 3 байт намуна овардааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Рабеи Андаробӣ / С. Саъдиев // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).
- Мирзоев А. Муҳимтарин сарчашмаи таърихи адабиёти асри XVII, «Шарқи сурх», 1940.