Равшан Боймуродов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Равшан Боймуродов

Равшан Боймуродов (1891 — ?) — ширкатдори фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Бухорои Шарқӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз оилаи камбағал. Узви ҳизби коммунистӣ аз соли 1918. Дар арафаи Инқилоби Октябр дар корхонаҳо ва роҳи оҳани Каркӣ кор карда, бо гурӯҳҳои болшевикӣ шинос шуд ва ба ҳаракатҳои инқилобӣ пайваст. Солҳои 1917-20 аввал дар сафи Гвардияи Сурх, баъд Армияи Сурхи кишвари Туркистон (ш. Каркӣ) буд ва ба муқобили ҳокимону амалдорони амир мубориза бурдааст. Баъд аз ғалабаи инқилоби Халқии Шӯроии Бухоро раиси Кумитаи инқилобии Каркӣ, Тирмиз, Қаршӣ таъйин гардид. Бо супориши ҳизби Коммунистии Бухоро ва РХСБ соли 1922 ба ноҳияҳои ҷануби шарқӣ ва марказии Тоҷикистон фиристода шуд. Соли 1922 раиси Кумитаи инқилобии ш. Душанбе буд ва дар таъсис додани сохторҳои идоракунию ҷалб намудани оммаи меҳнаткашон барои ободонии пойтахти нави тоҷикон саҳми арзанда гузоштааст. Равшан Боймуродов минбаъд то давраи ба нафақа баромадан дар корҳои ҳизбию давлатӣ кор кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]