Радиои «Ховар»
Шаҳр | Душанбе |
---|---|
Кишвар | Тоҷикистон |
Шиор | Садое, ки бояд шунид!!! |
Формат | иттилоотӣ, мусиқӣ |
Басомад | 101.5 FM |
Замони пахш | 7:00 — 22:00 |
Минтақаи пахш | Тоҷикистон |
Забон | тоҷикӣ |
Таърихи оғози пахш | 2 июни соли 2011 |
Бунёнгузор | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Молик | АМИТ «Ховар» |
Роҳбарон | [http://Директор — Саидҷаъфар Ашуров[1]] |
Вебгоҳ | khovar.tj |
Радиои «Ховар» — радиои иттилоотӣ–мусиқӣ дар Тоҷикистон. Шиори радио: «Садое, ки бояд шунид!!!»
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Радиои «Ховар» 2 июни соли 2011 бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ҳамчун Корхонаи воҳиди давлатии радиои «Ховар» таъсис ёфтааст.
Ҳадаф ва пахш
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои атрофи он ва вилояти Хатлон пахш мегардад. Дар «Ховар» ахбор мавқеи хосса дорад ва аз соати 7:00 то 22:00 ҳар ним соат иттилооти оҷилу муътамад бо чор забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пахш мешавад. «Ховар» аз тариқи сомонаи интернетии www.khovar.tj дар саросари ҷаҳон пахш мегардад.
Барномаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]«Тафсир», «Накҳати роз», «Суруди ҳафта», «Бозору харидор», «Меҳмони «Ховар» барномаҳои ҷолиби он мебошанд. 3 майи 2012 аз ҷониби Ассотсиатсияи «Медиа-алянси Тоҷикистон» дар бахши радио бо ҷоизаи «Падидаи сол» сарфароз гардонида шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Таъиноти кадрӣ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ // PRESIDENT.TJ, 22 майи 2015, 10:49