Рамазон Абдулатифов
Рамазан Гаджимурадович Абдулатипов | |
сафир
|
|
|
|
Таваллуд |
4 август 1946 (78 сол) |
Ҳизб | |
Таҳсилот | |
Дараҷаи илмӣ | доктори илмҳои фалсафа[d] |
Фаъолият | сиёсат[2] ва фалсафа[2] |
Эътиқод | суннӣ |
Соядаст | |
Ҷоизаҳо | |
Ҷойҳои кор | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Рамазон Ҳоҷимуродович Абдулатифов (зод. 4 август 1946, Gebguda[d], ҶМШС Доғистон[d][1]) — ходими давлатӣ,олим, доктори илми фалсафа (1985), профессор (1987). Узви хориҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон (2009). Собиқ сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2009).
Президенти Ҷумҳурии Доғистон аз 8 сентябр то 31 декабри 2013 (муваққатан иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Доғистон аз 28 январ то 8 сентябри 2013). Раҳбари Ҷумҳурии Доғистон аз 1 январи 2014 то 3 октябри 2017.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рамазон Абдулатифов Донишгоҳи давлатии Доғистонро ба поён расондааст (1975). Муаллим, мудири кафедраи фалсафаи Омӯзишгоҳи олии муҳандисии баҳрии Мурманск (1978—1987). Мудири кафедраи фалсафаи Институти омӯзгории Доғистон (1987—1988). Мушовир, мудири бахши таҳлил ва пешгӯии Шуъбаи сиёсати миллии КМ ҲКИШ (1988—1990). Намояндаи мардумии РСФСР (1990), Раиси Шӯрои миллатҳои Шӯрои Олии РСФСР-ФР (1990—1993). Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии ФР оид ба корҳои федератсия ва миллатҳо, муовини аввали вазири ФР оид ба корҳои миллатҳо ва сиёсати минтақавӣ (1993—1994). Намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР, муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия (1994—1995). Намояндаи Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия (1995—1997). Муовини Раиси Ҳукумати ФР оид ба масъалаҳои миллӣ, масъалаҳои рушди Федератсия ва худидораи маҳаллӣ (1997—1998). Вазири сиёсати миллии Федератсияи Русия (1998—1999). Вазири ФР (1999—2000). Собиқ сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005—2009) Ректори Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва ҳунар (Москва) (2009- то имрӯз). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: фалсафа, сиёсати миллӣ ва байналмилалӣ.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени Дӯстӣ (Россия), медали «Ба хотираи 850-солагии Москва» сарфароз гардидааст. Арбоби шоистаи илми Федератсияи Россия (2001).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи шахсӣ Бойгонӣ шудааст 24 октябри 2007 сол.
- Зодагони 4 август
- Зодагони соли 1946
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Аъзои Ҳизби коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 4
- Дорандагони ордени Дӯстӣ (Русия)
- Дорандагони ордени Дӯстӣ
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без подписи
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Ходимони давлатии Русия
- Сафирони Русия
- Олимони Русия
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ
- Аъзои хориҷии АИ Тоҷикистон