Jump to content

Суннӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
بسم الله الرحمن الرحيم
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои:

Ислом

Áҳли суннáт ва ҷамоáт (ар. أهل السنة والجماعة‎‎), сунниён — мафҳуми динӣ-фирқашиносӣ, номи бузургтарин ҷамоаи мусулмонон, ки аксарияти уммати исломро ташкил меди­ҳанд ва онҳоро сунниён ва ё аҳли суннату ҷамоат мегӯянд.

Аҳли суннат ва ҷамоат барои он ба ин ном мавсум шудаанд, ки суннати паёмбар (с)-ро, ки аз тариқи саҳобагони он ҳазрат ба наслҳои баъдӣ интиқол ёфтааст, сарчашмаи дуюми аҳкоми шаръ пас аз Қуръон медонанд ва барои ақвол ва осори ривоятшуда аз саҳобаи расул (с), бахусус хулафои чаҳоргона дар қонунгузории исломӣ эътибори хоссе қоил ҳастанд. Аз назари Аҳли суннат ва ҷамоат суннат (ақвол, афъол ва тақрирот)-и паёмбар (с) ҳам тафсиркунандаи муҷмали китоби Худо ва ҳам поягузори аҳкоме ба таври мустақил аст ва саҳобагон ва ёрони он ҳазрат (с) сарҳалқа ва беҳтарин насли уммати муҳаммадӣ буда, дини ислом дар маҷмӯъ — ҳам Қуръон ва ҳам Суннат ба василаи онҳо ба наслҳои баъдӣ таҳвил дода шудааст.

Ин истилоҳ дар фарҳанги фирқашиносии динӣ маъмулан дар баробари ду мафҳуми дигар: яке аҳли бидъат ва дигар равофиз — фирқаҳои гуногуни шиъа қарор дорад. Аҳли суннат ва ҷамоат ба ду даста ҷудо мешаванд, ки яке аз пайравони мактабҳои чаҳоргонаи фиқҳӣ — ҳанафӣ, моликӣ, шофеъӣ, ҳанбалӣ ва мактаби фиқҳии Довуди Зоҳирӣ мавсум ба мазҳаби зоҳирӣ ва дигар аз пайравони мактаби аҳли ҳадис иборатанд. Аҳли суннат ва ҷамоат аксарияти мутлақи уммати исломро ташкил дода, шумораи онҳо тибқи омори имрӯза дар кишварҳои исломӣ ва берун аз он бештар аз як миллиарду дусад миллион (1 200 000) нафар — шашяки аҳолии дунё мебошад.

Аз назари таърихӣ дар аҳди халифаи чаҳорум — Алӣ ибни Абитолиб ва пас аз вай ҷаҳони исломро ошубҳои дохилие фаро гирифта буданд, ки ба зуҳури фирқаҳои наве бо андешаҳои сиёсӣ ва бардоштҳои хосси динӣ ан­ҷомид, ки бо назароти динии аксарияти уммат дар тазод қарор доштанд. Пас аз пайдоиши ин фирқаҳои фикрӣ-сиё­сӣ дар ин давра барои муайян намудани хатти фикрӣ ва ҷудо сохтани андешаҳои динии оммаи мусулмонон бар онҳо номи аҳли суннат ва ҷамоат итлоқ гардид. То он замон ҳамаи мусулмонон уммати ягонаи ислом ва муъмину муслим шинохта мешуданд ва аз андешаҳои мухолиф ҳанӯз зикре дар миён набуд.

Мазҳаби суннӣ аксарияти мусулмонони (зиёда аз 95 %)-ро бар мегирад ва дар тамоми ҷаҳон паҳну парешон гаштаанд, ба ғайри Эрон (33 %) ва Озарбойҷон (33 %). Дар ин ду давлат шиаҳо аксариятро ташкил медиҳанд. Дар Ироқ бошад аҳли суннат ва ҷамоъат 66 % ва шиаҳо 33 % ро фарогир ҳастанд (дар асоси рӯйхатгирии 1997, аммо ҳоло шояд аз 30 % ҳам камтар бошанд).

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • حمدبنحنبل. أصولأهلالسنة. الدوحة،۱۴۱۵هـ.
  • ابوبكرأحمدبنإبراهيمالإسماعيلى. اعتقادأهلالسنة. دبا،۱۹۹۲.
  • أكملالدينمحمدبنمحمدالبابرتى. شرحعقيدةأهلالسنةوالجماعة (العقيدةالطحاوية).۱۹۸۹.
  • دائرةالمعارفبزرگاسلامی. ج. ۳. تهران،۲۰۰۶؛
  • لغتنامۀدهخدا. تهران،روایتچهارم،بدونسالنشر؛
  • دائرةالمعارففارسی. ج.۱،تهران،۲۰۰۸.