Jump to content

Рано Бобокалонова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рано Бобокалонова
Рано Норбаевна Бобокалонова
Таърихи таваллуд 28 январ 1969(1969-01-28) (55 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Маркази такмили ихтисоси муаллимони идораи маорифи хукумати шаҳри Душанбе, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Рано Норбаевна Бобокалонова (тав. 28.01.1969, ш. Душанбе) — омӯзгор, номзади илмҳои филология (2019). Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1986- 1993 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси китобдор, 1993-1999 дар мактаби таҳсилоти умумии №4 шаҳри Душанбе муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик, 1999-2005 ҷонишини директор оид ба таълими Маркази такмили ихтисоси муаллимони идораи маорифи хукумати шаҳри Душанбе, 2005—2007 сармутахассис оид ба корҳои тарбиявӣ дар Идораи маорифи шаҳри Душанбе, 2007-2009 сардори шуъбаи умумӣ ва тарҷумони Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2009-2014 ассистент ва муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 2014-2018 дар вазифаи муовини ректор оид ба корҳои тарбияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва аз соли 2018 инҷониб дар вазифаи сардори шуъбаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ифои хизмат дорад. Бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015) тақдир шудааст .

  • Таълими ибора ва сохтори он» (дастури методӣ). Д., 2021.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ