Ранӣ Мукҳерҷӣ
банголӣ: রাণী মুখার্জী | |
| |
Таърихи таваллуд: | 21 март 1978[1] (46 сол) |
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | ҳунарпеша, мудел, бозигари синамо |
Корнома: | 1996 — то ҳол |
Ҷоизаҳо: | |
IMDb: | ID 0611552 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ранӣ Мукҳерҷӣ (банголӣ: রাণী মুখার্জী) (21 марти соли 1978 дар Банғолаи Ҳиндустон ба дунё омадааст) ҳунарпешаи синамои Ҳинд. Яке аз машҳуртарин ҳунармандони ин соҳаи санъат дар Ҳиндустон мебошад.
Оила
[вироиш | вироиши манбаъ]Ранӣ дар оилаи ҳунармандон ба дунё омадааст. Миқдори хешовандони Ранӣ, ки роҳи санъатро интихоб кардаанд, зиёд мебошанд. Ӯ духтари Рам Мукҳерҷӣ - коргардони филмҳои "Пешво" ва "Hum Hindustani" аст. Модари Ранӣ сароянда буда, холааш Дебашрӣ Рой ҳунарпешаи шинохтаи банғолӣ мебошад. Ва албатта машҳуртарин «хеш - ситора» - и Ранӣ духтари холааш - Каҷол аст. Вақте ки Ранӣ ба ҷодаи синамо қадам ниҳод, Каҷол аллакай ситораи машҳури синамо гардида буд. Барои Ранӣ эҳсоси он, ки Каҷол аз ӯ машҳуртар буд, душвор буд ва ӯ кӯшиш мекард, ки ҳарчӣ зудтар номдор гардад.
Таълим
[вироиш | вироиши манбаъ]Эҷодиёт дар синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ранӣ бори аввал дар филми коргардон Салим - "Raja Ki Aayegi Baraat" (1996) нақш офаридааст. Ҳарчанд ки ин филм дорои буҷаи он қадар калон буд ва тамошобини зиёде ҷамъ накард, вале диққати мунаққидони синаморо ба сӯи худ ҷалб намуд. Бар замми ин, нақшофаринии Ранӣ Мукҳерҷӣ ба ду коргардони шинохта писанд омад. Яке аз онҳо, Каран Ҷоҳар ӯро аз байни чандин ситорагони синамо барои иштирок дар филми "Kuch Kuch Hota Hai" (соли 1998) интихоб карда гирифт. Дуввумӣ Викрам Бҳатт (ё бо хоҳиши Амирхон бошад?) ба Ранӣ бозидани нақши асосиро дар филми "Ғулом' (1998) ба ӯ пешниҳод кард, ки он як марҳалаи тақдирсоз дар ҳаёти Ранӣ буд. Филми "Ғулом' ба ӯ шуҳрати беандоза овард ва акнун ӯро ҳамчун духтари «Aati kya Khandala» ном мегирифтанд. Аз ин пас Раниро чун яке аз ситорагони синамо мешинохтанд. Филмҳои минбаъда низ, аз қабили "Kuch Kuch Hota Hai" шуҳрати ӯро боз афзун карданд.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]21 апрели соли 2014 Ранӣ ба режиссёри ҳинд Адитя Чопра ба шавҳар баромад ва 9 декабри соли 2015 дар оила духтараке таваллуд шуд, ки волидон ӯро Адира номгузорӣ намуданд.
Фаъолияти ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷоизаҳо ва унвонҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Маълумоти гуногун
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ранӣ то ҳол ягон нақши манфиро набозидааст (то соли 2006).
- Дӯстони наздики ӯ Шоҳруххон, Абҳишек Баччан, Санҷай Лила Бҳансалӣ, Рекҳа ва Каран Ҷоҳар мебошанд.
- Зебоии худро дар чашмони кабуд, табассуми ширин ва овоз мебинад.
- Ӯ бо Шоҳруххон шаш маротиба, бо Салмонҳон панҷ, бо Амитабҳ Баччан, Абҳишек Баччан ва Притӣ Зинта чаҳор маротиба ҳамроҳ нақш офаридааст.
Филмҳо бо иштироки Ранӣ Мукҳерҷӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Инчунин бингаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |