Расонидан ба киштӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Расонидан ба киштӣ (ДЕС) - аз рӯйи қоидаҳои ИНКОТЕРМС шарте мебошад, ки мувофиқи он фурӯшанда уҳдадор аст, ки молро ба бандари таъйинотӣ дар шартномаи харидуфурӯш расонад ва онро ба харидор аз болои киштӣ барои воридот пешниҳод намояд, тамоми хароҷот ва таваккали вобаста ба расонидани молро ба уҳда гирад. Харидор молро дар бандари таъйиншуда қабул мекунад, воридоти молро анҷом медиҳад, тамоми хароҷот ва таваккалро аз лаҳзаи қабули мол аз фурӯшанда ба зимма мегирад, ба фурӯшанда хароҷоти онро вобаста ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо дар бораи пайдоиши (тавлиди) мол ва фактураҳои консулӣ пардохт менамояд. Чунин шартҳо танҳо ҳангоми ҳамлу нақли баҳрӣ ва дарёӣ истифода мешаванд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393