Рафаэл Толмасов
Рафаэл Михайлович Толмасов | |
Таърихи таваллуд | 24 феврал 1923 (101 сол) |
Зодгоҳ | Самарқанд |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сарояндаи опера |
Ҷоизаҳо |
Рафаэл Толмасов – сарояндаи яҳудитабори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1968) [1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рафаэл Михайлович Толмасов 24 феврали соли 1923 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Овозаш баритони лирикӣ-драматикӣ аст. Артисти Халқии ҶШС Тоҷикистон (с.1968). Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945). Фарзанди сароянда, навозанда ва оҳангсози яҳудии Тоҷикистон Михаил Толмасов мебошад. Солҳои 1934-1936 дар Комбинати мусиқӣ-бадеии шащри Душанбе таҳсил намуда, Техникуми театрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Тошканд (с.1939) ва Студияи опера ва сайқали ҳунари актёрии назди Театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айниро (таҳти сарпарастӣ ва устодии Е. И. Прокофйев, с.1940) хатм кардааст. Ў аз хурдсолӣ ба санъати мусиқӣ дилбастагӣ дошта, аввалҳо бештар дойра менавохт, баъдтар ба санъати сарояндагӣ рағбат пайдо кард ва дар 10-солагиаш бори нахуст дар спектакли мусиқӣ-драмавии «Наҷот» (оҳангсоз М. Толибов, либреттои М. Бегаев) баромад кардааст. Рафаэл Толмасов аз соли 1940 то кӯчиданаш ба Исроил (солҳои 90-и асри XX) дар саҳнаи Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ҳунарнамоӣ намуд.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Оғози ҳунарнамоии расмӣ ва мустақилонааш арияи Нозим аз операи «Шӯриши Восеъ»-и С. Баласанян (с.1940) мебошад. Вай дар давоми фаъолияти эҷодиаш бештар аз 80 партияро аз операҳои машҳури рус, хориҷа ва миллии тоҷик иҷро карда, санъати баланд ва ҳунари беназирашро ҷилва дод. Як қатор симоҳои офаридаи ӯ аз тарафи мутахассисони санъати мусиқии шӯравӣ ва хориҷ баҳои сазовор гирифтаанд. Хусусан нақшҳои Силвио («Масхарабозон»-и Р. Леонкавалло, с.1948), Шарплес («Чио-чио сан»-и Ҷ. Пуччини, с.1948), Елеский Онегин («Моткаи қарамашоқ» ва «Евгений Онегин»-и П. Чайковский, с.1949, с.1950), Валентин («Фауст»-и Ш. Гуно, с.1952), Жермон Амонасро («Травиата» ва «Аида»-и Ҷ. Верди, с.1952, с.1954), Сулаймон («Аршин мол-олон»-и У. Ҳоҷибеков, с.1955), Скарпиа («Тоска»-и Ҷ. Пуччини, с.1955), Яго, граф ди Лун, Ренато («Отелло», «Трубадур» ва «Бал-маскарад»-и Ҷ. Верди, с.1966, с.1972, с.1985) ва монанди инҳо аз беҳтарин офаридаҳои ин ҷанбаи Рафаэл Толмасов мебошанд. Ў махсусан дар ташаккул ва такмили операи миллии тоҷик хидмати босазо карда, беҳтарин анъанаҳои санъати операи рус ва ҷаҳониро барои офариниши арияҳои миллӣ ба кор бурдааст. Нозим, Шаҳрубон («Шӯриши Восеъ» ва «Коваи оҳангар»-и С. Баласанян, с.1945), Собир, Тоҳир («Арӯс» ва «Тоҳир ва Зӯҳро»-и А. Ленский, с.1947), Пӯлод («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1956), Салим («Домоди номдор»-и С. Урбах, с.1961), Содиқ («Бозгашт»-и Я. Сабзанов, с.1967), Шерак («Афсонаи Шерак»-и С. Ҳамроев, с.1970), Баҳодур («Лаънаткардаи халқ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, с.1973), Акбар («Рӯдакӣ»-и Ш. Сайфиддинов, с.1976), Раҳимбек, Наврӯзбек («Сарбозони халқ» ва «Қишлоқи тилоӣ»-и Д. Дӯстмуҳаммадов, с.1984, с.1986) ва партияҳои амсолашон аз операҳои миллии тоҷикӣ намунаи такомули ин навъи санъати мардуми тоҷиканд.
Рафаэл Толмасов ҳамчунин сарояндаи хушовози суруду романсҳои оҳангсозони тоҷик буда, ба 16 забони халқҳои собиқ СССР ва шарқи хориҷӣ месароид. Иштирокчии Даҳаи санъати тоҷик (с.1941) ва Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Москва (с.1957) буд. Вай дар саҳнаи театрҳои калонтарини Иттифоқи Шуравӣ – Москва, Ленинград, Рига, Минск, Киев, Тошканд, Алма-ато, Фрунзе, Свердловск ва ғайра ҳунарнамоӣ карда, ба Дания, Англия, Фаронса, Италия, Юнон, Туркия, Тунис (с.1961), Афғонистон (с.1962), Булғория, Чехословакия, Венгрия, Руминия (с.1980) сафарҳои эҷодӣ доштааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Шараф (дараҷаи 3), медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.[2]
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ёде аз сарояндаи номдор Рафаэл Толмасов(тоҷ.). kmt.tj. 11 марти 2019 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 Январ 2020.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Cомонаи театр
- ↑ Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. – Душанбе. – 2004. – Ҷ. 3. – С. 213.
- Зодагони 24 феврал
- Зодагони соли 1923
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Дорандагони ордени Шараф
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Овозхонҳои Тоҷикистон
- Ҳунармандони Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ
- Яҳудиёни Тоҷикистон