Рафтори ҳуқуқӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рафтори ҳуқуқӣ - рафтори субъектони ҳуқуқ, ки ба нишондодхои меъёрҳои ҳуқуқӣ мувофиқат мекунад. Дар он озодии муносибатҳои инсонӣ, қонеъ намудани манфиатхои гуногуни шахсият амалӣ гардонида мешаванд. Рафтори шаҳрвандон, шахсони мансабдор, ташкидотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ, яъне ҳамаи субъектони ҳуқуқ ҳамон вақт ҳуқуқӣ шуда метавонанд, ки агар онҳо ба нишондодҳое, ки дар меъёрҳои ҳуқуқӣ муқаррар карда шудаанд, мувофиқат кунанд. Асоси рафтори ҳуқуқиро дарки адолат ва судмандии муқаррароти ҳуқуқӣ аз тарафи одамон, ҷавобгарии онҳо дар назди ҷамъият ва давлат барои кирдори худ ташкил медиҳанд, ки аз рушди иҷтимоӣ ва тафаккури ҳуқуқии шахс вобастагӣ доранд.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 393 - 394