Рашид Маҷидович Раҳимов
Ин мақола ниёзманди викисозӣ аст. |
Рашид Маҷидович Раҳимов (тав. 15.02.1948 дар деҳаи Истонӣ, ноҳияи Ҳисор), с.1968 фак. физикаю математикаи ДДОТ–ро хатм карда, дар мактаби № 7-и ноҳияи Ҳисор муаллими математика таъйин шуд. С. 1969 ба ДДОТ даъват шуда соли 1969-1975 ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи ададҳо ва математикаи ҳисоббарор, соли 1975-1978 аспирант, соли 1978- 1980 муаллим, муаллими калони кафедраи математикаи ҳисоббарор, соли 1980-1988 муаллими калон, 1988- 1998 дотсент, соли 1998-2001 мудири кафедраи таҳлили риёзӣ шуда кор кардааст. С. 2001-2006 дар вазифаи дотсенти кафедраи математика ва технологияи пешқадами Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон фаъолият нишон дода, соли 2006-2007 сардори Департаменти технологияи коммуникатсионӣ ва риёзиёти олӣ, ҳамзамон декани фак. менеҷмент ва технологияи иттилоотии Донишкадаи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон (ДТИКТ), соли 2007- 2009 декани фак. технологияи информатсионӣ, ҳамзамон профессори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва математикаи олӣ, соли 2009-2010 мудири кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносии ДТИКТ, с. 2010-2011 дар вазифаи дотсенти кафедраи математика дар иқтисодиёти ДИТ кор кардааст. Аз соли 2011 то ҳол дар вазифаи дотсенти кафедраи математика ва фанҳои табиатшиносии Донишкадаи андоз ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолият дорад. Дар зери роҳбарии Р. мунтазам маҷмӯи корҳои илмии олимон бо номи «Дифференциальные и интегральные уравнения и их приложения» аз чоп баромадааст. Р. муаллифи зиёда аз 215 асари илмӣ, илмию методӣ, оммавӣ ва барномаҳои таълимӣ мебошад, аз ҷумла, 18 китоби дарсӣ ва дастурҳои методӣ, 22 кори илмӣ-методӣ, 22 барномаи таълимӣ, 116 кори илмӣ. Дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ 19 мақолааш аз чоп баромадааст, муҳаррири 14 китоб, дарстури методӣ, маҷмӯи корҳои илмӣ мебошад. С. 1982 рисолаи номзадияшро барои дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика дифоъ намуда, аз 04.11.1989 унвони илмии дотсенти кафедраи таҳлили риёзӣ гирифтааст. С. 1990-1992 дар Донишгоҳи халқии «Рабселькоров» хонда, онро бо ихтисоси мухбири ҷамъиятӣ хатм намудааст. С. 2002-2004 дар Академияи шабакаҳои маълумотдиҳии корпоратсияи КАРАNА таҳсил намуда, соҳиби 8 сертификати соҳаҳои гуногуни иқтисод гашта, онро бо сертификати ҷамъбастии тилоӣ хатм кардааст. С. 2010 узви вобастаи Академияи илмҳои педагогӣ ва иҷтимоӣ буда, аз с.2012 узви ИЖТ мебошад. Р. бо ордени «Шараф» (1999), медали «Барои меҳнати шоён», нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1993) сарфароз гардонда шудааст. [1]
Пайнавиштҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 464