Jump to content

Рашҳаи Исфаҳонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рашҳаи Исфаҳонӣ
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир, нависанда
Забони осор: форсӣ

Рашҳаи Исфаҳонӣ (форсӣ: رَشحۀ اصفهانی‎), Бегим (форсӣ: بیگم‎; ? — 1789, Қум, Эрон) — шоираи форс-тоҷик, духтари Ҳотифи Исфаҳонӣ[1].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз хонадони аҳли қалам — шоирон. Аҷдодаш аз Урдубоди Озарбойҷон буда, дар аҳди Сафавиён аввал ба Исфаҳон, баъдан ба Кошон рафта, муқимӣ шудаанд. Дар тазкираҳои бисёре аз қабили «Нуқли маҷлис», «Тазкирату-л-хавотин», «Нигористони сухан» ва ғайра аз Рашҳа чун шоираи бомаҳорату соҳибтабъ маълумот дода шудааст. Девоне шомили 3 ҳазор байт дар замони барҳаёт буданаш таҳия карда будааст.

Байти зерин аз ӯст:

Изтиробам зери теғаш не зи бими куштан аст.
Шавқи теғи ӯст, тоб аз ҷони ширин мебарад.

  1. گنجور » رشحه. ganjoor.net. 22 июни 2024 санҷида шуд.