Jump to content

Раъно Ҳошимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раъно Ҳошимзода

Раъно Ҳошимзода (тав. 29 октябри соли 1969, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — омӯзгори тоҷик. Иҷрокунандаи раиси ш. Гулистон (Қайроққум).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Раъно Ҳошимзода 29 октябри соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Соли 1991 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аст. Солҳои 1991-1992 ба сифати муаллими кафедраи иқтисодӣ, солҳои 1992-1993 муаллими кафедраи фанҳои умумииқтисодӣ, солҳои 1993-1997 муаллими кафедраи молия ва баҳисобгирӣ, солҳои 1997-2000 сармуаллими кафедраи муҳосибот ва омори факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2000-2002 муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2002-2004 муовини декан оид ба корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2004-2007 муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2007-2012 муовини декан оид шуъбаи ғоибонаи факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2012-2014 муовини декан оид корҳои таълими факултети молия ва иқтисоди бозор, солҳои 2014-2015 муовини декан оид ба корҳои тарбияви факултети молия ва иқтисоди бозори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолият намудааст. Солҳои 2015-2017 ба ҳайси декани факултети молия ва баҳисобгирии бухгалтерии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон кор кардааст. Бояд қайд намуд, ки Раъно Ҳошимзода аз 6-уми феврали соли 2017 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд фаъолияти пурсамар дошт. Аз соли 2018 то ин вақт мавсуф раиси шаҳри Бӯстони Суғд буд. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон Раъно Ҳошимзодаро ба мақоми раиси шаҳри Гулистон таъйин кард. Ӯ ягона зани шаҳрдор дар Суғд мебошад[1]. Оиладор. Соҳиби 4 фарзанд.[2]