Раёсат
Раёсат - (калимаи арабӣ - раисӣ кардан):
1.Гурӯҳи одамоне, ки роҳбарии фаъолияти ин ё он мақомоти давлатӣ ё ҷамъиятиро оид ба иҷро намудани вазифаҳои онҳо таъмин месозанд. Аз нигоҳи дараҷаи ҳаллу фасл намудани масъалаҳо Раёсат мақоми ҳалкунанда ва машваратӣ дорад. Раёсат аз нигоҳи доираи фаъолият - доимӣ ва муваққатӣ мешавад. Масалан, ба сифати Раёсати доимо амалкунанда (ниг. ба Раёсати Ҳукумат). Раёсати муваққатӣ бошад, ин гурӯҳи корӣ, симпозиумҳо, конфронсҳо, маҷлисҳо ва ғ., ки иштирокчиёни он чун мақоми муваққатии роҳбарикунанда аз ҷумлаи ҳозирин интихоб мегарданд. Бо хотима ёфтани чунин вохӯриҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои он ваколати онҳо қатъ мегардад;
2. Раёсат зинаи муайяни мақомоти судӣ: Суди Олии ҶТ, Суди Олии иқтисодии ҶТ аст (Ниг. ба Суди Олии ҶТ ва Суди Олии иқтисодии ҶТ).[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 388