Рақси остин
Рақси остин – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, ки онро занон иҷро мекунанд.
Тавсифи мухтасар
[вироиш | вироиши манбаъ]Рақси остин – рақси занонаи анъанавии қадимаи тоҷик буда, таҳти навозиши доира бо ҳаракатҳои остини дарози куртаи занонаи тоҷикӣ иҷро мешавад. Он дар тӯю маъракаҳо, ҷашнҳои миллӣ ва базмҳои занонаи водиҳои Кӯлоб, Дарвоз, Рашт, Ҳисор, ноҳияи Истаравшан, Мастчоҳ, Зафаробод ва мардуми водии Зарафшон рақсида мешавад. Занҳо дар усули рақси кӯлобӣ, дарвозӣ ва раштӣ остинҳоро бо пайкар, бо зарби пой қадами майда-майда монда, якҷоя меҷунбонанд. Онҳо дар пеши худ остинҳоро алвонҷ дода, ҳаракатҳои гуногунро иҷро мекунанд. Остинҳоро ба ду тараф кушода, як дастро ба пеш боло бардошта, дуюмро аз он поёнтар гирифта, дар пеши рӯй нигаҳ медоранд ва як навъ шарму ҳаёи хосси бонувони тоҷикро ифода менамоянд. Сипас ду остинро аввал ба тарафи рост ва баъд ба тарафи чап бо панҷаи даст ба ҳаракат медароранд. Ҳамин гуна ҳаракатҳро боз ба дигар тараф такрор мекунанд. Дар варианти рақси мастчоҳӣ саростинчаҳои дарози раққоса аз матоъҳои сурх, гулобранг ё сафеди гулдузӣ дӯхта шудаанд, ки онҳо аз панҷаи даст 20 см берунтар баромадаанд. Занҳо бо чунин остинҳо таҳти навои доира ё суруд бо зарби мусиқии 6/8 мерақсанд. Остинҳоро бо як ва бо ду даст ба китф бо навбат мепартоянд, дар ин вақт пайкари зан ин ё он тараф ҳаракат мекунад. Дастҳоро ду тараф кушода, остинҳоромеафшонанд ва як остинро пеши худ ва дигарашро ба қафои миён гузошта, ин ҳаракатро чанд бор бо ивази дастҳо такрор мекунад. Бо ду панҷаи даст остинҳоро ин ё он тараф ба ҳаракат медарорад. Умуман, остин дар зиндагии мардуми кӯҳистон мазмуни бисёре дорад. Остин ҳамчун бодбезак ва дастрӯймол истифода бурда мешавад. Дар гузашта рақси остин ҳангоми ба хонаи шавҳар овардани арӯс ва дар гирди оташ давр занондани ӯ аз ҷониби модаркалони домод иҷро мегардид. Ӯ тавассути рақс кушодани роҳи сафедро баён мекард. Остинҳояшро ҷунбонда, гӯё ки роҳро барои аъзои нави оилааш аз ҳар гуна чашми бад ва таъсири рӯҳҳои зиёновар тоза менамуд. Дар охири асри ХХ ва оғози асри ХХI рақси фолклории «Остин» ба барномаи дастаҳои ҳаваскорӣ роҳ ёфт ва ба яке аз рақсҳои маъмул ва машҳур табдил гашт. [1]
Маҳалли густариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Водии Кӯлоб, Водии Рашт, Водии Зарафшон, ниҳияи Истаравшан, Дарвоз, Рашт, водии Ҳисор
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддӣ. www.pitfi.tj. 19 феврали 2019 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 46-47. – 280 с.