Рақс бо ғижак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Рақс бо ғижак – – як навъ рақси анъанавии тоҷикон мебошад, , ки онро мардон иҷро мекунанд.

Номи унсур ва истилоҳоти дигар[вироиш]

Рақси чиғакнавоз

Тавсифи мухтасар[вироиш]

Рақс бо ғижак таҳти навозиши як гурӯҳ мутрибон ва сароидану ғижакнавозии худи бозингар иҷро мегардад. Ғижак сози мусиқии тордор аст, ки бо камонча навохта мешавад. Он рақси яккаи мардона буда, дар навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маъмул мебошад. Рақс бо ғижак таҳти навозиши ғижак ва даф, ё таҳти навозиши гурӯҳи мутрибон ва ҳофизон иҷро мегардад. Иҷрокунанда ғижакро бо дасти чап ва камончаро бо дасти рост гирифта, дар пайравии зарбу усули рақсии навозандагон оҳанг менавозад. Дар оғози рақс раққос рӯ ба рӯи навозандагон истода ғижакро ба таври уфуқӣ боло мебардорад. Ӯ пайкарашро ба пеш хам карда, бо эҳсоси баланд месарояд ва менавозад. Сипас ба тарафи тамошобинон рӯ гардонда, ду-се қадам ба пеш монда, чарх меравад, ба зону мешинад ва боз ҳамон ҳаракати авваларо такрор мекунад. Раққос гоҳе ғижакро ба дасти чап дар пушти сараш гузошта, дудаста менавозад. Дар интиҳои рақс ӯ сурудхониро ба анҷом расонида, суръати ғижакнавозӣ ва рақсашро тез мекунад, шумораи чархҳоро меафзояд. Ӯ ба тарафи рост рафта, дар як ҷой истода чарх мезанад ва рост истода, ба ҳозирин таъзим карда, аз саҳна берун мешавад. [1]

Маҳалли густариш[вироиш]

Нигаред[вироиш]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон / Мураттиб: Д. Раҳимов; муҳаррир Ш.Комилзода. – Душанбе: Эр-Граф, 2017. – С. 40-41. – 280 с.