Раҳима Шалоэр
Шалоэр Раҳима Сунваровна | |
Таърихи таваллуд | 30 январ 1947 (77 сол) |
Гурӯҳ | «Гулшан» |
Раҳима Шалоэр (Шалоэр Раҳима Сунваровна; 30 январи 1947, Тонман, ҶШС Қирғизистон) — овозхон, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1981).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Институти давлатии театрӣ-бадеии ба номи А. Островскийи шаҳри Тошкандро соли 1970 тамом карда, дар Театри мусиқии ҳамин шаҳр ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1972 ба Тоҷикистон омада, муддате дар ансамбли бонувони дуторнавози Филармонияи давлатии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз соли 1973 овозхони дастаи эстрадии «Гулшан»-и Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ буд. Дар пешбурди эстрадаи тоҷик нақш гузоштааст. Сурудҳо ба тоҷикӣ, қирғизӣ, узбекӣ, русӣ, украинӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва дигар забонҳо адо намудааст. «Афсӯс», «Диёри ишқ», «Танҳоӣ», «Интизорӣ», «Тоҷикистонам», «Шаҳри азиз», «Ҷавонӣ», «Баҳор», «Ошиқон» барин таронаҳояш дар хазинаи радио ва телевизиони тоҷик маҳфузанд. Дар ҳайати ансамбли «Гулшан» қариб ба ҳамаи ҷумҳурияҳои собиқ шӯравӣ, инчунин Афғонистон, Олмон, Лаҳистон, Югославия ва дигар давлатҳо сафари ҳунарӣ анҷом додааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон тақдир шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 30 январ
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Мусиқидонон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи мусиқидонон
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Феҳристи ҳунарпешагон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон