Комрон Раҳимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Раҳимов Комрон)
Раҳимов Комрон Ҳакимҷонович
Комрон Раҳимов дар соли 2016
Комрон Раҳимов дар соли 2016
Таърихи таваллуд 19 май 1993(1993-05-19) (30 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Нуробод
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих, муносибатҳои байнамиллалӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патриса Лумумба
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Алма-матер Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Раҳимов Комрон Ҳакимҷонович (зод. 19 майи 1993, ноҳияи Нуробод) — ҳуқуқшиноси байналмилалӣ, таърихнигор ва муҳаққиқи тоҷик, номзади илмҳои таърих (2022).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Раҳимов Комрон Ҳакимҷонович 19 майи соли 1993 дар деҳоти Комсомолободи ноҳияи Нуробод дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Солҳои 2000—2011 дар мактаби № 1 таҳсил карда, дар солҳои 2011—2015 факултети ҳуқуқи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро хатм кардааст[1]. Солҳои 2015—2017 факултети гуманитарӣ ва ҷамъиятии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русияро хатм намудааст. Солҳои 2017—2020 дар зинаи аспирантураи кафедраи ҳуқуқи байналмилалии Донишкадаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия таҳсили илм кардааст[2].

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Мудири бахши Осиёи Марказии Маркази тадқиқоти кишварҳои пасошӯравӣ (2017 то инҷониб). Ассистенти кафедраи назария ва таърихи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия (2020—2023). Ходими калони илмии Маркази тадқиқоти Осиёи Марказӣ дар Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия (2023). Муаллими калони кафедраи назария ва таърихи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патриса Лумумба (2023)[3].

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Комрон Раҳимов фориғуттаҳсили бахши аспирантураи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия дар солҳои 2020—2023 буда, соли 2022 дар мавзӯи «Фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай оид ба таъмини амният дар Авруосиё (2001—2021)» рисолаи номзадиро ба раҳбарии Курылев Константин Петрович ҳимоя кардааст[4].

Барои дар сатҳи зарурӣ омухтани мавзӯи ҳимояшаванда ва пешбурди кори илмӣ дар назди донишгоҳҳои бонуфузи Маскав ба монанди Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии равобити байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Русия, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Маскав ба номи О. Е. Кутафина, Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия, зиёда аз 25 курсҳои иловагии такмили ихтисос гузаштааст.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 2-монография ва беш аз 77 мақолаи илмӣ оид ба масъалаҳои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва амният дар фазои пасошӯравӣ дар маҷаллаҳои тақризшаванда[5]. Иштироккунанда ва маърузачии зиёда аз 88 семинару конфронсҳои байналмиллалӣ мебошад[6].

Узвият дар созмонҳои илмӣ ва коршиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Узв ва коршиноси Маркази иттилоотию таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (2022)[7]; коршиноси Шӯрои байналмилалии Русия (2023); узви Шӯрои олимони ҷавони Институти Чин ва Осиёи муосири Академияи илмҳои Русия (2024); узви Ҷамъияти таърихии низомии Русия (2024); узви Клуби мубоҳисавии байналмилалии Валдай (2024); узви Ассотсиатсияи ҳуқуқи байналмилалии Русия (2024); узви Клуби ҷавонони Ҷамъияти таърихии Русия (2024).

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Деятельность Шанхайской организации сотрудничества по обеспечению безопасности в Евразии : монография / К. Х. Рахимов. — Москва : РУСАЙНС, 2023. — 250 с — 1000 экз[8].
  • Роль ШОС в обеспечении безопасности Центральной Азии / К. Х. Рахимов, К. П. Курылев. — Издательские решения, Москва. 2018. — 202 с — 500 экз[9].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Диалог. Истории трёх молодых учёных из Таджикистана | Общество | Диалог: Таджикистан и мир(рус.). www.dialog.tj (6 Декабри 2021). 20 марти 2024 санҷида шуд.
  2. Не только рабочие: как живут и работают в Москве ученые-мигранты(рус.). nazaccent.ru. 20 марти 2024 санҷида шуд.
  3. Персональная информация - Рахимов Комрон Хакимджонович - ТУИС. esystem.rudn.ru. 20 марти 2024 санҷида шуд.
  4. Рахимов Комрон Хакимджонович. Деятельность Шанхайской организации сотрудничества по обеспечению безопасности в Евразии (2001-2021 гг.). disserCat — электронная библиотека диссертаций (2022).
  5. РАХИМОВ КОМРОН ХАКИМДЖОНОВИЧ. Научная электронная библиотека eLIBRARY.RU.
  6. Рахимов Комрон Хакимджонович - список публикаций. repository.rudn.ru. 20 марти 2024 санҷида шуд.
  7. Рахимов Комрон Хакимджонович(рус.). ПИР-Центр. 20 марти 2024 санҷида шуд.
  8. Деятельность Шанхайской организации сотрудничества по обеспечению безопасности в Евразии : : монография - Рахимов, Комрон Хакимджонович (in русӣ). 2023. ISBN 978-5-466-02547-7. 
  9. Роль ШОС в обеспечении безопасности Центральной Азии : : 12+ - Рахимов, Комрон Хакимджонович (in русӣ). 2018. ISBN 978-5-4490-5627-6.