Jump to content

Ноҳияи Нуробод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Нуробод
Ноҳияи Нуробод
Кишвар  [[|]]
Тобеъи НТҶ
Шомили 1 шаҳрак, 6 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Дарбанд
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 19 январи соли 1936
Масоҳат 928 км²
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 72 600[1] нафар (2022)
Миллият тоҷикон
Мазҳаб мусулмонон: суннӣ-ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа DA
Рамзи ISO 3166-2 TJ.RR.DA
Коди телефон +992 3133
Нишонаи почта 737450
Домени интернет tj
Коди мошинҳо TJ08
Ноҳияи Нуробод дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ноҳияи Нуробод (форсӣ: ناحیۀ نورآباد‎) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон аст ва дар дараи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Дарбанд аст, ки 135 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар каронаи рӯди Сурхоб ҷой дорад.

Ин ноҳия 19 январи соли 1936 бо номи ноҳияи Дарбанд дар таркиби вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта ва то соли 1991 ноҳияи Комсомолобод ном дошт. Бар асоси Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1991 дубора ноҳияи Дарбанд номида шуд. Бар асоси Қарори № 390 Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2003 ноҳияи Нуробод номида шуд.

Ноҳияи Нуробод дар водии Рашт ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Ваҳдат ва ноҳияи Роғун, дар шарқ — бо ноҳияи Сангвор ва дар ҷануб — бо ноҳияи Балҷувон аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳаммарз аст.

Паҳноварии ноҳияи Нуробод 928 км² аст. Дар маркази ноҳияи Нуробод рӯдҳои Сурхоб ва Хингоб якҷо шуда рӯди Вахшро падид меоваранд, ки ба рӯди Панҷ мерезад.

Тибқи барӯйхатгирии соли 1939 ноҳияи Комсомолобод 20945 нафар аҳолӣ дошт, ки аз онҳо: русҳо 310 нафар (ё 1,48%), ӯзбакҳо — 86 нафар (ё 0,41%), тоҷикон — 20396 нафар (ё 97,38%), қирғизҳо – 22 нафар (ё 0,11%) буданд.

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳияи Нуробод 74 200 ҳазор нафар будааст[2]. Мардуми ноҳияи Нуробод ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

сол 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
70 72,1 80,1 82,1

Сарвари ноҳияи Нуробод Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Нуробод - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Нуробод барои 5 сол интихоб мешавад.

Бахшҳои идорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Нуробод 1 шаҳрак ва 6 ҷамоат дорад[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Нуробод
Ҷамоат Аҳолӣ (2017)[4]
Дарбанд, шаҳрак 1849
Иззатулло Ҳалимов 8 208
Меҳробод 15 670
Муҷиҳарф 17 559
Сафедчашма 8 015
Хумдон 11 631
Ҳакимӣ 13 666
  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Маҷмӯаи омории «Шумораи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2016». Агентии омори назди Президенти ҶТ.. 6 апрели 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  3. List of Jamoats. UN Coordination, Tajikistan. 27 май 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
  4. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — С. 289. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2