Jump to content

Зарулло Раҳмонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Зарулло Раҳмонов
Зарулло Ҳусейнович Раҳмонов
Таърихи таваллуд 1959(1959)
Фазои илмӣ олим
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Anatoly Karatsuba[d][3]

Зарулло Раҳмонов (зод. 10 декабр 1959) — риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика (1995). профессор, Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2000).[4]

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зарулло Раҳмонов Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1982), ихтисос — «математика». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи таҳлили функсияҳои махсус, коркарди усули арзёбии нишондодҳои миёнаи функсияи махсуси арифметикии типи функсияи Чебишев. Мудири кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1996—2006), профессори ин кафедра (2006 — то имрӯз), директори Институти математикаи Академияи илмҳои ҶТ (1999 — 2024).

  • Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тақдир шудааст.


  1. Montenegro A. ORCID Public Data File 2023 — 2023. — doi:10.23640/07243.24204912.V1
  2. Montenegro A. ORCID Public Data File 2023 — 2023. — doi:10.23640/07243.24204912.V1
  3. 3.0 3.1 Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
  4. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.